Мусобиқаи футбол байни дастаҳои низоми бонкии вилояти Суғд
- Details
- Published on Tuesday, 03 March 2015 09:50
Аз 23 феврал то 18 марти соли ҷорӣ дар толори варзишии Маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонони “Шоҳин” –и шаҳри Қайроққум мусобиқаи футболи толорӣ байни дастаҳои ташкилотҳои низоми бонкии вилояти Суғд баргузор шуда истодааст.
Чуноне аз кумитаи тадорукоти ин мусобиқа иттилоъ доданд, ин сабқат бо ширкати 14 даста ҷараён гирифта, ва ба ҷашни байналмилалии Наврўз бахшида шудааст. Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Шўъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, бахшҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Агроинвестбонк” дар вилояти Суғд таҳти шиори “Барои футболи ростин, зебо ва боадолат” гузаронида мешавад.
Тибқи қуръакашӣ, 14 дастаи иштирокчии мусобиқа ба ду гуруҳ тақсим шудаанд. Дар гурўҳи “А” дастаҳои “Рахш” (шўъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар Хуҷанд), "Ориёнбонк", “АБМХ”(Аввалин бонки молиявии хурд), “Тоҷик- содиротбонк”, Ташкилоти қарздиҳии “Матин”, “Соҳибкорбонк”, Бонки Эсхата -2” (дастаи собиқадорон) ва дар гурўҳи “Б” дастаҳои “Агроинвестбонк”, Бонки "Эсхата", Ташкилоти қарздиҳии “Арванд”, “Тоҷпромбонк”, “Амонатбонк”, осоишгоҳи “Баҳористон” ва “Рахш-2” (дастаи собиқадорони шўъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар Хуҷанд) ба ҳам қувваозмоӣ мекунанд.
Аз ҳар кадоме аз ин гурўҳҳо 4-дастаӣ ба бозиҳои 1/4 ниҳоӣ роҳхат мегиранд ва мусобиқаро идома медиҳанд. Бозии финалӣ рўзи 18 март баргузор мешавад. Ба ғолибон Ҷоми мусобиқа ва инчунин мукофотҳои пулӣ супорида мешаванд. Ҳамчунин пешбинӣ шудааст, ки барои бозингарони беҳтарин ва дастаҳо 13 мукофоти ҳавасмандкунӣ тақдим карда мешавад.
Хотиррасон мекунем, ки 23 феврал дар Маркази солимгардонии наврасон ва ҷавонони “Шоҳин” –и шаҳри Қайроққум бо иштироки раиси Кумитаи тадорукоти мусобиқа, мудири бахши минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наврўз Валиев ва сарварони дастаҳои иштирокчии мусобиқа нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Нодир ТУРСУНЗОДА