Ассотсиатсияи чавгон ва варзиши аспӣ таъсис ёфт

Дар Кохи фарҳанги ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакии шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ, фаъолону алоқамандон ва дўстдорони бозиҳои аспӣ ҷаласа доир гардид. Дар машварат масъалаи таъсиси Ассотсиатсияи чавгон ва варзиши аспӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.

Бояд гуфт, ки шурӯъ аз оғози соли равон ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришоти Сарвари давлат бо ташаббуси Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ эҳёи намуди бостонии варзиш - чавгони аспӣ дар вилоят ба роҳ монда шуд. Бо ин мақсад дар асоси қарори Раиси вилоят дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии Мактаби наврасону бачагон оид ба футбол ва чавгон таъсис ёфт, ки он бо ширкати Президенти мамлакат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда буд.

Пас аз ташкили мактаби чавгонбозӣ таваҷҷӯҳи ҷомеа ба он зиёд гардида, сафи дӯстдорони чавгонбозӣ зиёд шуд. Бо ташаббуси роҳбарияти вилоят 8 нафар мутахассисони вилоят ба кишвари Эрон сафар карда, тўли якуним моҳ нозукиҳои ин варзиши бостониро, ки асоси онро фарҳанги сулҳу ваҳдат ва эҳтироми ҳамдигарӣ ташкил медиҳад, азхуд намуданд ва соҳиби сертификат шуданд.

>Соли гузашта зимни сафари кории Раиси вилоят ба Эрон гуфтушунидҳо бобати эҳёи варзиши чавгонбозӣ дар вилояти Суғд ба вуқўъ пайвастанд ва дар ҳамкорӣ бо федератсиюни чавгони ин кишвар аввалин корҳои ташкилӣ дар вилоят ба роҳ монда шуданд. Яъне, саҳми дўстони эронӣ дар эҳёи варзиши бостонӣ хеле калон аст. Дар муддати кўтоҳ ба ҷуз мактаб майдони чавгонбозӣ ва аспхона дар шаҳри Хуҷанд бунёд ёфта, барои варзишгарону аспҳо лавозимоти зарурӣ аз давлати Аргентина харидорӣ ва дастрас гардонида шуданд. Инак, аввалин мусобиқаҳои чавгонбозӣ дар вилоят баргузор мешаванд. Илова бар ин, чавгонбозони вилоятро барои иштирок дар мусобиқоти байналмилалӣ даъват мекунанд.

Ҳадафи ташкили Ассотсиатсияи чавгон ва варзиши аспиро мутасаддиёни соҳа дар рушди комили ин намуди варзиш дар вилоят медонанд.

Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ эҳёи варзиши чавгонбозиро ҳодисаи таърихӣ унвон кард, зеро ин иқдом дар ҷумҳурии соҳиб-истиқлоли мо бори аввал рўи кор омадааст.

Ҳамин тавр, иштирокчиёни ҷаласа пешниҳоди таъсиси Ассотсиатсияи чавгон ва варзиши аспиро дар вилоят якдилона қабул намуда, Оиннома тасдиқ ва мақоми роҳбарикунандаю назоратии онро интихоб карданд.

Ба вазифаи раиси Ассотсиатсия номзадии Анварбек Саидмуродов маъқул дониста шуда, Давронхон Алиев муовин ва Собитҷон Мақсудов раиси комиссияи тафтишотӣ интихоб гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh