Солимии ҷомеа аз рушди варзиш вобаста аст!

Варзиш дар раванди барқарор намудани саломатӣ, ба роҳ мондани ҳаёти рўзмарраи кўдакону наврасон, камол ёфтани онҳо ҳамчун шахсияти комил мусоидат менамояд. Аз ҷониби дигар, машғул гардидани кўдакону наврасон ба навъҳои гуногуни варзиш онҳоро аз бекориву кўчагардӣ, шомил гардидан ба равияҳои гуногун эмин медорад.

Ба андешаи олимони соҳаи равоншиносӣ ва педагогика кўдакони бо варзиш машғулшуда ба ҳаёти минбаъда ба осонӣ мутобиқ гардида, бо ҷамъият тезтар унс мегиранд. Бахусус, имрўз барои кўдакон варзиш воситаи ягонаи дур гаштан аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб маҳсуб мешавад. Рушди соҳаи варзиш барои пешрафти кишвар низ омили муҳим ба ҳисоб меравад.

Дар амалӣ гардидани ин самт мавқеи мактабҳои варзиширо ёдовар гардидан бамаврид аст. Ин гуна муассисаҳо барои рушди ҷамъияти солим ва пешрафти соҳаи варзиш саҳми босазо доранд. Мактаби варзишии кўдакону наврасони вилояти Суғд дар пешрафти соҳаи варзиши вилоят саҳми босазо дорад.

Боиси ифтихор аст, ки дар муассиса Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Устоди варзиши Иттиҳоди Шўравӣ Зебуниссо Рустамова, Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Шодиев, Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадулло Мақсудов, Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувондиқ Бердиев фаъолият намуда, барои рушди варзиш, баланд бардоштани маҳорату малакаи мураббиёну варзишгарон, мутахассисони ҷавон, тарбияи варзишгарон саҳм мегузоранд.

Дар муассиса кўдакону наврасон дар 47 гурўҳ бо намуди варзиши камарбандӣ, чавгонбозӣ, варзиши сабук, гўштини юнонӣ - румӣ, гўштини тарзи озод, дзюдо, самбо, бадминтон, қаиқронӣ, тенниси рўи миз, муҳорибаи ҷанги дастӣ ва каратэи анъанавӣ, муқовимати кулл ва ҷанги дастӣ, волейбол машқ мекунанд. Дар маҷмўъ, муассиса 512 нафар наврасро ба машғулиятҳои варзишӣ ҷалб намудааст.

Дастпарварони мактаб мунтазам дар мусобиқаҳои дохилӣ, шаҳриву ноҳиявӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ширкат меварзанд. Чунончӣ, аз оғози соли 2015 мусобиқаҳои оид ба дзюдо, чавгонбозӣ, самбои муҳорибавӣ, бадминтон, тенниси рўи миз, қаиқронӣ, шиноварӣ, теннис, Лигаи вилоятӣ оид ба волейбол баргузор гардид, ки дар он 571 варзишгари мактаб иштирок намуда, сазовори 57 медали тилло, 34 медали нуқра, 26 медали биринҷӣ гардиданд.

Дар мусобиқаҳои вилоятӣ бошад, 123 нафар ширкат намуда, соҳиби 18 медали тилло, 25 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ шуданд. Дар 15 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ 88 нафар варзишгарони мактаб иштирок намуда, сазовори 27 медали тилло, 23 медали нуқра ва 29 медали биринҷӣ гардиданд.

Дар мусобиқаи байналмилалӣ варзишгарони мактаб дар кишварҳои Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, ИМА, Ўзбекистон, Туркманистон иштирок намуда, 12 нафар сазовори медали тилло, 3 нафар соҳиби медали нуқра ва 4 нафар варзишгар соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.

Бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят корҳои сохтмониву барқарорсозӣ дар Муассиса ба анҷом расид. Толори гўштингирии мактаб таъмир гардида, ҳуҷраҳо барои либосивазкунӣ ва шустушў сохта, ба истифода дода шуд.

М.УМАРОВА,
дастурдеҳи Мактаби варзишии кўдакону наврасони вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh