Роҳхат ба даври ниҳоӣ
- Details
- Published on Thursday, 19 November 2015 11:07
Дар бозиҳои гурўҳии интихобии чемпионати Осиё оид ба футболи толорӣ (футзал) дастаҳои Афғонистон бо Туркманистон ва Тоҷикистон бо Қирғизистон бо ҳам сабқат намуданд. Бозии байни дастаҳои Афғонистон ва Туркманистон пуршиддат доир гардида, дар дақиқаҳои 6,11 ва 14-уми қисми аввал бозингарони Афғонистон Алӣ Маданӣ ва Алӣ Файёз ба дарвозаи тими Туркманистон се тўб заданд.
Голи ҷавобии аввалро дар дақақаи 15-уми бозӣ бозингари рақами 15-и тими Туркманистон Мақсад Султонов ба нишон расонд. Алӣ Маданӣ бошад, тўби ҷаҳоруми дастаи худро вориди дарвозаи Туркманистон гардонд.
Дар дақиқаҳои 4 ва 7 уми қисми дувуми бозӣ Курбанов ва Курбангулӣ Ашўров - бозингарони тими Туркманистон маҳорати варзишии худро нишон дода, ду тўби дигар зада тавонистанд, ҳисоби голҳои худро ба се расонанд. Ҳусайн Ходимӣ - футзалчии тими миллии Афғонистон тавонист, дар дақиқаи 12- уми бозӣ голи 5-уми дастаи худро ба ҳадаф расонад. Бо ҳамин бозии ин ду тим бо натиҷаи 5-3 ба фоидаи футзалчиёни тими Афғонистон ба анҷом расид.
Тими мунтахаби Тоҷикистон бозии охирини худро бо тими Қирғизистон баргузор намуд. Дар вохўрии ин дастаҳо Нурҷон Чертибоев - бозингари Қирғизистон тавонист, дар лаҳзаҳои аввали бозӣ ҳисобро кушояд. Шавкат Ҳалимов аз дастаи Тоҷикистон дар дақиқаҳои охирини қисми аввали бозӣ ҳисобро мусовӣ намуд. Ҳамчунин, Руслан - бозингари рақами 7-и дастаи Қирғизистон голи дувуми дастаи худро вориди дарвозаи Тоҷикистон гардонд.
Дар дақиқаи 9-уми қисми дувуми бозӣ бошад, Мамад Бобоев голи дувуми дастаи Тоҷикистонро ба ҳадаф расонид. Бозингарони тими Қирғизистон бошанд, бо чанд ҳамлаҳои пайдарпайи худ голи сеюми дастаашонро ба нишон расонида, ҳисоби бозиро ба натиҷаи 3:2 ба фоидаи дастаи хеш ба анҷом расонданд.
Ҳамин тавр, тими мунтахаби Қирғизистон бо 5 имтиёз ва Тоҷикистон бо 4 имтиёз ба даври ниҳоии ҷемпионати Осиё оид ба футзал, ки 10-21 феврали соли 2016 дар Ўзбекистон доир мегардад, роҳхат гирифтанд.
Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
Истамҷони НАҶМИДДИН, «Ҳақиқати Суғд»