СУҒД: тариқи сабақ аз чавгон омўз!

Аз рўзҳое, ки бо иқдоми неки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҷиҳати эҳё намудани бозии чавгон дар вилоят аз ҷониби дўстдорони ин намуди варзиш ба хубӣ пазируфта шуд, моҳҳо сипарӣ гардид. Ҳанўз моҳи декабри соли 2014 мутахассисони чавгони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба вилояти Суғд ташриф оварда, барои варзишгарони тоҷик курси омўзишӣ гузаронданд.

Ҳамчунин, 8 нафар дўстдори варзиши аспӣ барои аз худ намудани ин ҳунари аҷдодӣ ба давлати Эрон рафта, нозукиҳои чавгонбозиро омўхтанд ва барои дар кишвар эҳё намудани ин суннати аҷдодӣ замина гузоштанд.

Ташрифи Раиси Федератсияи чавгони Ҷумҳурии Исломии Эрон оқои Ҳамза Элхонизода ба вилояти Суғд, ки бо дастгирии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ сурат гирифт, аз ҷониби сокинони вилоят хуш пазируфта шуд. Бо оқои Ҳамза Элхонизода ва ҳайати ҳамроҳонаш Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Fафуров мулоқот оростанд. Раиси вилоят меҳмононро хайрамақдам гуфта, ҷиҳати ҳамкории судманди Тоҷикистону Эрон изҳори ақида намуд.

Пас аз тамошои ин мавзеи таърихӣ меҳмонон нахуст аз Варзишгоҳи чавгони аспӣ ва Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишии бачагону наврасон оид ба чавгон боздид ба амал оварда, бо чавгонбозон сўҳбат доир намуданд. Ҷоиз ба қайд аст, ки дар ин мактаб зиёда аз 60 нафар духтару писарон ҳамарўза аз устодон ва мураббиёни соҳибтаҷриба сабақ меомўзанд. Барои варзишгарон имрўзҳо 24 асп 12 асп барои чавгонбозӣ ва 12 аспи дигар барои пойга, яъне аспдавонӣ омода буда, дўстдорони ин намуди варзиш айни ҳол бо шавқу завқи беандоза машғули омўзиш мебошанд. Ҳамчунин, чавгонбозони вилоят муддате машқу тамрин намуда, баъдан ду тим - шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Мастчоҳ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Меҳмонон аз ташкил ва ба роҳ мондани чунин як мактаби махсуси чавгонбозӣ, ки бо дастгирии Раиси вилоят ташкил шудааст, изҳори миннатдорӣ намуда, арз доштанд, ки дар чунин муддати кўтоҳ бо сатҳи баланд ба роҳ мондани ин намуди варзиш масъулияти баландро тақозо намудааст. Бояд гуфт, ки чавгонбозӣ алҳол натанҳо дар вилояти Суғд, балки дар тамоми қаламрави кишвар ҳаводорони зиёдеро ба худ ҷалб сохта, дар ояндаи наздик таъсиси мактабҳои чавгонбозӣ дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят ба роҳ монда хоҳад шуд.

Отахон Умаров - хонандаи синфи ҳафтуми мактаби миёнаи умумии рақами 4-и шаҳри Хуҷанд мебошад. Таи чанд моҳ аст, ки шомили Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишии бачагону наврасон оид ба чавгон буда, таҳти роҳбарии раиси Федератсияи чавгон ва варзиши аспии вилояти Суғд Анвар Саидмуродов машқу тамрин менамояд. Умед дорад, ки дар оянда чавгонбози машҳур гашта, барои баланд бардоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ саҳми муносиб гузорад.

Усмонхон Алиев се сол инҷониб ба аспдавонӣ шавқу ҳаваси беандоза пайдо кардааст. Маҳз, дўстдориву меҳру муҳаббаташ нисбат ба ин ҳунари воло буд, ки дар мусобиқаи чавгонбозӣ, ки бахшида ба таҷлили “Наврўз-2015” баргузор гардид, дастболо шуд. Имрўз ифтихор аз он дорад, ки бо Раиси Федератсияи чавгони Ҷумҳурии Исломии Эрон оқои Ҳамза Элхонизода аз наздик шинос ва аз сўҳбатҳои судманди он кас баҳравар шуд. Аз таърихи пайдоиши бозии чавгон огоҳӣ пайдо кард. Донист, ки чунин намуди варзиш ҳанўз дар замони ҳукмронии Искандари Мақдунӣ мавқеи хоса доштааст. Искандар, пеш аз он ки ба мамлакати Эрон ҳуҷум намояд, ба воситаи қосид хабар фиристод, ки ба муҳориба омода бошанд. Подшоҳи Эронзамин ҳамроҳи номаи ҷавобӣ ба Искандар чавгон фиристода, хоҳиш намуд, ки қувваашро дар ин намуди бозӣ ба ҷои ҷанг кардан бисанҷад. Аллакай таълимгирандагони мактаби варзишӣ медонанд, ки чавгонбозӣ ҳанўз дар замонҳои шоҳ Доро арзи вуҷуд карда буд.

Дар аспхонае, ки барои 24 сар асп дар шафати майдони чавгонбозӣ ҷой гирифтааст, аспҳои гуногуни туркманӣ ва маҳаллӣ бо номҳои «Баланд- хун», «Қаросултон», «Устувор», «Вакил», «Вавилон», «Таҳмина», «Фаришта», «Виктория», «Дракон», «Враглер» ва ғайра парвариш ёфта, барои ба майдон баромадан омода хоҳанд гашт.

Шаҳноза Хўҷаева зодаи шаҳри бостонии Панҷакент буда, донишҷўи курси дуюми факултаи молия ва иқтисодиёти бозори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров аст. Тўли ҳашт моҳ дар мактаби чавгонбозони вилоят таълим гирифта, алҳол иброз медорад, ки наздик 80 фисади қойдаҳои ин намуди бозиро аз худ кардааст. Дар оянда умед дорад, ки ин намуди варзишро ба пуррагӣ омўхта, ба қуллаҳои баланди музаффарият расад.

Ҳамза Элхонизода ва ҳамроҳонаш - раиси Анҷумани дўстии Эрону Тоҷикистон Алиашраф Шабистарӣ, раиси Кумитаи фарҳангӣ ва мушовири аршади Федератсияи чавгони ҶИЭ ва ҷонишини Анҷумани дўстии Эрону Тоҷикистон Фатҳуллоҳ Ҳаддод, масъули ташкил ва такмили парвандаи сабти ҷаҳонии чавгон Муртазо Ризвонфар ҳамчунин аз Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» боздид намуда, Хона - музейи шоири классики форсу тоҷик Камоли Хуҷандӣ ва мақбараи рамзии ўро зиёрат карданд.

Баъдан Раиси Федератсияи чавгони Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳамза Элхонизода ва ҳамроҳонаш дар Кохи Рўдакии маркази вилоят бо дўстдорони варзиши аспӣ ва чавгон мулоқот ороста, оид ба таърихи пайдоиш, фаъолият ва рушди он сухан гуфт. Ҳамчунин, иброз дошт, ки барои ҳамкории минбаъда ёрӣ ва дастгириашро дареғ нахоҳад дошт.

Раиси Федератсияи варзиши аспии вилояти Суғд Шавкат Икромов ва ҷонишини Раиси Федератсия Собитҷон Мақсудов, ҳамчунин дигар дўстдорони варзиши аспӣ оид ба ҳамкории минбаъдаи мутахассисони эронӣ ибрози ақида намуданд.

Дар фарҷоми мизи мудаввар муовини Раиси вилоят Назира Fаффорӣ ба меҳмонон барои маслиҳатҳои судмандашон бобати рушд ва такомули минбаъдаи чавгон дар кишвар изҳори сипос намуд.

Шоира САЛИМОВА

Add comment


Security code
Refresh