Саъйи балеғ ва ифтихормандӣ

Аз давраҳои қадим ушу чун санъати муҳориба маъруфият дошт. Айни ҳол ушу яке аз намудҳои паҳншудатарини варзиш буда, ҳамасола ҳазорон нафар дар ҷаҳон ба он машғул мебошанд. Дар ҷавонон тарбия намудани ҳисси ҷасоратмандӣ, ҳамеша ба мудофиа омода будан, ҷиддият, самимият ва оромии ноаён мақсади асосии он мебошад. Дар мусобиқаи IV Осиё оид ба ушу, ки моҳи августи соли 2015 дар шаҳри Сямни Чин баргузор шуд, медалҳои тиллоро сазовор гардидани варзишгарони тоҷик аз рушди ин намуди варзиш дар Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Мухбири рўзнома сўҳбате дошт бо Мирзодалерхон Хуршедзода, ки яке аз дорандагони медали тиллои ин мусобиқа мебошад.

- Аввалан мехостем, огоҳ гардем, ки шавқу рағбат ба варзиш ва алалхусус ба ушу аз кай дар Шумо бедор шудааст?

- Аз кўдакӣ ман аз оинаи нилгун мусобиқаҳои варзишгаронро тамошо мекардам. Пас аз ҳар муҳориба дастболо шудани варзишгаронро дида, хоҳиши ман ба каратэ-до афзун гардид. Пас аз рафтан ба машқҳои аввалин ман орзу кардам ва назди худ мақсад гузоштам, ки варзишгари беҳтарин шавам. Муддати 10 сол бо намуди каратэ-до шуғл варзидаам. Сониян, ба ушу шавқманд гардидам. Айни ҳол муддати 5 сол аст, ки бо ушу машғул мебошам.

- Фарқияти хоси ин намуди варзиш, яъне ушу аз дигар намудҳо, масалан каратэ-до дар чӣ аст?

- Ушу санъати қадимаи якҳарбаи шарқӣ буда, тахминан дар асри V мелодӣ дар мамолики Шарқ пайдо шудааст. Дар ушу машқҳо бо истифодаи силоҳ, яъне шамшерҳои дароз ва кўтоҳ ва бидуни он буда, каратэ-до фақат машқҳои бесилоҳ, яъне муҳорибаро танҳо бо дасту пойҳо пешбинӣ мекунад. Умуман, ушу садҳо намуд дорад ва каратэ-до низ аз ушу пайдо шудааст.

Намудҳои анъанавии ушу: таолу – иҷро кардани маҷмўи машқҳо аз асосҳои ушу, маҷмўи машқҳо бо истифодаи силоҳ ва ғайри он, нан гун-иҷрои машқҳо бо силоҳи дароз ва дар ушу-машқҳо бо силоҳи кўтоҳ мебошанд. Илова бар ин дар ушу машқҳои ҳарб дар намуди ҳаракатҳои ҳайвонҳои гуногун, ба монанди маймун, гаҳвораҷунбон, паланг ва ғайра иҷро карда мешаванд.

- Ушу ба ҷавонони имрўза чӣ манфиат дорад?

- Дар маҷмўъ, ушу гимнастикаи муолиҷавию солимгардонӣ ба ҳисоб рафта, он дар тамоми дунё ҳамчун машқҳо вобаста ба тарзи ҳаёти солим истифода бурда мешавад. Ҳамзамон, ушу ба йога наздик буда, бо воситаи машқҳо чандин бемориҳои дохилу беруни бадан муолиҷа мегарданд. Машғул шудан бо ушу тани инсонро чандиру тобовар менамояд, инсонро хушқаду қомат, ботамкин ва ҳолати равонии ўро хуб мегардонад.

- Ба назари Шумо, рушди варзиш дар Тоҷикистон чӣ гуна аст ва чӣ бояд кард, то ҷавонон ба варзиш бештар ҷалб шаванд?

- Боиси хурсандист, ки рушди варзиш дар Тоҷикистон ҳамчун самти муҳими ҳаёти ҷомеа рўз то рўз инкишоф меёбад. Бунёд гардидани варзишгоҳҳо, толорҳо ва маҷмааҳои варзишӣ, баргузории мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ дар Тоҷикистон аз пешравии ин соҳа дарак медиҳад. Албатта, барои ҷалби мураббиёни дараҷаи ҷаҳонӣ, таҷҳизонидан ва баланд бардоштани сатҳи маҳорат, машқу тамрин ва омодагӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ маблағҳои калон лозим аст. Барои он ки ҷавонон бештар ба варзиш машғул шаванд, шавқу ҳаваси онҳоро ба ин соҳаи муҳим аз овони кўдакӣ бедор намудан лозим аст. Дар хона волидайн, дар мактабу донишгоҳҳо омўзгорон, мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, умуман ҳар як фарди ҷомеа бояд тарзи ҳаёти солимро пайваста тарғиб намоянд, кўшишу ғайрати кўдакон ва наврасонро ба варзиш дастгирӣ намоянд. Ва аз ҳама муҳимаш, варзиш бояд ба қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҷомеа табдил дода шавад. Чӣ қадар варзишгарони тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ ва мамолики дигари олам комёбиҳо ба даст оваранд, ин бурди Тоҷикистон, бурди кишвари азизамон аст. Мо аз онҳо ифтихор менамоем.

Оре, ин варзишгар саъйи балеғ дорад ва варзиши тоҷик аз ў ифтихорманд аст.

Сўҳбаторо
Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ

P.S. Шоёни зикр аст, ки Мирзодалерхон Хуршедзода дорандаи ҷоизаи тиллоии мусобиқаҳои байналмилалии варзиши ушу дар солҳои 2013-2014 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, иштирокчии бозиҳои ХVII Осиё дар шаҳри Инчхон, Кореяи Ҷанубӣ, дар соли 2014 се маротиба чемпиони Осиёи Марказӣ ва се маротиба чемпиони Аврупо ва соли 2015 ғолиби мусобиқаи VI байналмилалӣ оид ба ушу дар шаҳри Сямни Ҷумҳурии Мардумии Чин гардида, айни ҳол ба мусобиқаи VI ҷаҳонӣ оид ба ҳамин намуди варзиш, ки дар Чин баргузор мегардад, омодагӣ мебинад.

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh