Дар дили кўҳҳои Фон

Тоҷикистон кишвари биҳиштосо буда, табиати бою нотакрор дорад. Маҳз ҳамин омилҳо боиси сол то сол афзун гаштани теъдоди сайёҳон ба кишвари мо мегардад. Беҳуда нест, ки раиси Ташкилоти умумиҷаҳонии туристӣ Толиб Рифоҳӣ зимни сафараш Тоҷикистонро «биҳишти кашфношуда» унвон карда буд.

Махсусан, вилояти овозадори мо дорои захираҳои фаровони туристӣ буда, барои рушди ин соҳа имкониятҳои зиёд дорад. Яке аз мавзеҳои туристии вилоят – Искандаркўл мебошад, ки дар байни сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ маъруфияти хосеро бархурдор аст. Агар кўли калонтарини Тоҷикистон Қаракўл бошаду кўли чуқуртарин Сарез, пас кўли зеботарин- Искандаркўл мебошад.

Искандаркўл номи худро аз Искандари Мақдунӣ гирифтааст, ки дар Шарқ ҳамчун Искандари Зулқарнайн машҳур буд. Вақте Искандари Мақдунӣ аз Осиёи Миёна ба Ҳиндустон мерафт, аз ин макон гузар карда буд. Искандаркўл калонтарин кўли кўҳҳои Фон буда, дар баландии 2119 метр аз сатҳи баҳр, байни қаторкўҳҳои Ҳисору Зарафшон  ҷойгир шудааст.  Масоҳати умумии  иҳотаи обии кўл 3,4 км ва чуқурияш то ба 72 метр мерасад. Ба кўл оби дарёчаҳои Саратоғ ва Ҳазормеш  ва дарёчаҳои дигари хурд мерезад. Сипас дарёи Искандар сарчашма гирифта, пас аз 30 км ба дарёи Фон мерезад. Фон яке аз калонтарин дарёҳои  минтақа мебошад.

Искандаркўлро дили кўҳҳои Фон ва ё марвориди Зарафшон низ меноманд. Дар наздикии кўл шаршарае мавҷуд аст, ки онро «Ниагараи Фон» меноманд. Шаршара дар дараи танге воқеъ буда, аз 43 метр баландӣ ба поён об мерезад. Дар соҳили Искандаркўл ёдгории таърихие низ мавҷуд аст: дар санги бузурге узви экспедетсияи Алексей Федченко навиштаҷоти «Русюе, 1870»-ро гузоштаанд.

Дар хоначаҳои барҳавое, ки дар соҳили кўл бунёд шудааст, дар як вақт то 300 нафар метавонанд бо ҷойи хоб ва истироҳат таъмин шавад. Искандаркўл торафт сайёҳони бештарро ба худ ҷалб намуда, дар ояндаи наздик метавонад иқтидори сайёҳии худро боз ҳам бештар намояд. Ба гуфтаи Абдуҳаким АЛИЕВ - директори базаи сайёҳии «Искандаркўл» дар ояндаи наздик бо бунёд ёфтани якчанд комплексҳои дигари истироҳатӣ омори сайёҳони ташрифоваранда боз ҳам афзунтар гашта, барои таъсиси ҷойҳои корӣ ва некуаҳволии мардуми минтақа мусоидат менамояд.

Мутриба ТЎЙЧИЗОДА

Add comment


Security code
Refresh