Ғолибияти дастаи «Суғдиён» дар бозиҳои дӯстона

Дар доираи баргузории мусобиқаҳои варзишӣ ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 60 – солагии шаҳри Бӯстон аз ҷониби муассисаи давлатии мактаби варзишии бачагону наврасони шаҳр мусобиқаҳои гуногун доир гардида истодааст.

Бо ин мақсад чанде қабл, дар варзишгоҳи марказии шаҳр бозии рафиқонаи футбол байни дастаҳои «Душанбе»-и шаҳри  Душанбе, «Суғдиён»-и шаҳри Бӯстон, «Қайроққум»-и шаҳри Гулистон байни наврасони соли таваллудашон аз 2001 то 2006 баргузор гардид.

Дар натиҷа бозии дастаҳои «Суғдиён» ва «Душанбе» байни наврасони соли таваллудашон 2004-2005 бо ҳисоби 1 бар 0, байни наврасони соли таваллудашон 2005-2006 бо ҳисоби 2 бар 0 ва бозиҳо байни дастаҳои «Суғдиён» ва «Қайроққум» байни наврасони соли таваллудашон 2001-2002 бар ҳисоби 5 бар 1 ва байни наврасони соли таваллудашон 2003-2004 бар ҳисоби 2 бар 1 анҷом ёфт.

Дар маҷмӯъ дар ҳамаи бозиҳои рафиқона футболбозони дастаи «Суғдиён»-и шаҳри Бӯстон ғолиб омада, варзишгарон барои ширкат дар дигар мусобиқаҳо омодагӣ дида истодаанд.

Мамнури МЭЛС,
шаҳри Бӯстон 

Add comment


Security code
Refresh