Ҳадафи мо – бозии хуби футбол

Шавкат ИБРАГИМОВ - директори муассисаи давлатии “Клуби футболи “Хуҷанд”

- Омодагии даста ба бозии ҷавобии Ҷоми Тоҷикистон бо дастаи «Ҳосилот» дар кадом сатҳ аст?

- Албатта, ин бозӣ аҳамияти калон дорад, зеро мо як имконият дорем: дар бозии ниҳоӣ иштирок намоем пас аз танаффуси ҳаштсола.

Тамринҳои даста аз рўи нақшаи ситоди мураббиён идома дорад.

Дар се бозии охир бахт ба мо омад накард ва мо ин бозиҳоро бохтем. Пас аз ин бо бозингарон ва мураббиён сўҳбати судманд ва хулосабарорӣ кардем. Ин ҳолат, албатта, сабабҳои худро дорад, зеро пас аз таъин шудани ман ба ин вазифа мўҳлати сабти футболбозони нав ба охир расида буд ва мо натавонистем, он бозингароне, ки мехостем, бубинем, ба даста ҷалб намоем. Ба мо муяссар шуд, ки бозингаронро дар бозии ҷавобии ¼ ниҳоӣ ба муқобили дастаи «Регар» дуруст омода созем ва футболбозон бозии хуб нишон дода, ғалаба ба даст оварданд.

- Мухлисон дар бозиҳои охирини даста кам мушоҳида карда шуданд?

- Ин як чизи маъмулӣ аст. Вақте ки даста натиҷаи хуб нишон намедиҳад, мухлисонро аз даст медиҳад. Мо масъулияти худро дар назди мухлисон ва роҳбарияти вилоят дарк мекунем. Зеро футбол ин аввал барои мухлисон аст ва ман бисёр хурсандам, ки новобаста аз ин бисёре аз мухлисон дар ин ҳолатҳои вазнин моро дастгирӣ мекунанд ва ин, албатта, боиси ифтихори мо мебошад…

- Оё дастгирии даста аз тарафи муассис дар сатҳи матлуб аст?

- Дар ин бобат дар марҳалаи дуюм ман ягон мушкилиро намебинам. Зеро футболбозон вобаста ба хизмати худ маош ва мукофотпулиро дар вақташ мегиранд. Албатта, ҳамаи ин бевосита бо дастгирии Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон  Қодирӣ сурат гирифта истодааст.

Даста дар назди бозингарон қарздор нест.

- Дар мавсими имсола дастаи футболи«Хуҷанд» чӣ нақшаҳо дорад?

-Ҳадафи мо яктост: ба даст овардани натиҷаҳои хуб дар бозиҳои боқимондаи чемпионат ва роҳ ёфтан ба бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон.

 Хабарнигори
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh