“Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ”

Варзиш яке аз воситаҳои беҳтарини муаррифӣ кардани давлат ва миллат мебошад. Миллати мо низ ба варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавии инсон ҳанўз аз замонҳои қадим майлу рағбати зиёд дошт.

Ниёгони мо барои беҳдошти саломативу нерўи ҷисмонӣ ва ҳамеша омода будан ба дифои марзу бум ва мардуми хеш намудҳои гуногуни варзиш, мисоли гўштингирӣ, шамшерзанӣ, гурзпартоиву камонварӣ, аспдавонию чавгонбозӣ ва дигар навъҳои варзишро инкишоф медоданд. Онҳо ҷавононро ба хотири тавоноии маънавию ҷисмонӣ аз овони хурдсолӣ барои иҷрои машқҳои гуногуни варзишӣ омода месохтанд, ки чунин анъанаи неки ниёгон то замони мо боқӣ мондаанд. Мусаллам аст, ки варзиш дар ҳаёти инсон ҳамчун омили тавонои таҳкими дўстӣ ва ҳамкории на танҳо варзишгарон, балки халқҳову давлатҳои зиёд маҳсуб мешавад.

Илова бар ин, варзиш барои насли ҷавон ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дўстиву бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба халқу миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди байни халқу миллатҳо хизмат мекунад.

Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди соҳаи варзиш як силсила барномаҳоро амалӣ карда, кўшиш менамояд, ки барои мунтазам инкишоф ёфтани соҳаи варзиш шароити заруриро фароҳам орад. Баъди ба даст овардани истиқлолият дар кишвари мо муносибат ба варзиш ҳамчун мактаби бузурги тарбия ва воситаи муаррифии давлати соҳибистиқлол мазмуну моҳияти нав пайдо кард.

Дар мусобиқаи гуштингирӣ, ки бахшида ба Наврўзи байналмилалии соли 2015 дар Амфитеатри Қасри Арбоб баргузор гардида буд, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди гўштини миллӣ ба масъулон дастур доданд, то арафаи ҷашнҳои миллӣ ва санаҳои таърихӣ мусобиқаҳои гўштингириро дар ҳамаи минтақаҳои кишвар доир намоянд.

Баҳри иҷрои ин дастури Пешвои миллат бахшида ба рўзҳои таърихӣ ва идҳои умумихалқиву ҷашнҳои миллиамон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мусобиқаҳои гўштингирӣ баргузор мегарданд, ки дар онҳо мардуми зиёд, бахусус ҷавонон фаъолона ширкат варзида, ҳунар ва маҳорати хешро намоиш медиҳанд. Бешак, гўштини миллӣ низ дар радифи намудҳои варзиши муосир дар байни мардум мухлисони зиёд дошта, барои густариши тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд. Дар ин раванд рўзҳои 16-17 сентябри соли 2016 аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи гуштини миллии «Гўштингирӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарпарастон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гўштини миллии «Гўштингирӣ», таҳти унвони «Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ» дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид. Мусобиқа таҳти роҳбарии сардовар Саидаброров Саидмаҳмуд бо низому тартиби хоса ва доварии одилона гузашт.

Боз ҳам ба хотири рушди соҳа пешниҳод менамоям, ки Федератсияи гўштини миллии «Гўштингирӣ» дар вилоят таъсис дода шавад.

Абдуқаюм ҶОНМАҲМАДОВ,
 сармураббии гўштини
миллии «Гўштингирӣ»-и
дастаи ҷавонони вилоят

Add comment


Security code
Refresh