Шароитҳои хуб барои машқу тамрин

Охири соли гузашта бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен бинои Мактаби варзишии бачагону наврасони ноҳия аз таъмири асосӣ бароварда шуд ва намуди зоҳирии он хеле зебо гардид. 

Тирезаҳои бино пурра нав карда шуда, дар дохили он ҳуҷраҳои корӣ, ҷойи либосивазкунӣ ва шустушӯйиву ҳоҷатхона таъмир гардида,  бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Минбаъд варзишгарон дар ин мактаб бо истифода аз шароити хуб ба машқу тамрин фаро гирифта мешаванд.

Дар ин амал соҳибкорони бонангу номус ва саховатпеша Саидмавлон Ахмедов, устоёни бомаҳорати ҶДММ «Мавлон-2016»  ва ҶДММ «Куруш-2015» саҳми арзанда гузоштаанд.

Айни замон дар толори зебо ва барҳавои ин мактаби варзишӣ аз рӯи 13 намуди варзиш устодони соҳибтаҷриба ба шогирдон дарс медиҳанд.

Фирӯз Боқӣ

Add comment


Security code
Refresh