Мусобиқаи варзишӣ бахшида ба Соли ҷавонон

Дар толори гимназияи 2-и шаҳри Бӯстон бо ибтикори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба “Таэквандо ВТФ” байни наврасон ва ҷавонон бахшида ба “Соли 2017-соли ҷавонон” бо иштироки зиёда аз 80 нафар варзишгари дастаҳои шаҳру навоҳии Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов дар вазнҳои гуногун баргузор гардид.

Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Хусравшоҳ Исмоилов баргузории мусобиқаҳои гуногунсатҳи варзиширо ҳамчун василаи тарғиби тарзи ҳаёти солим унвон дода, зикр намуд, ки бояд варзишгарони шаҳр дар “Соли 2017-соли ҷавонон” барои ширкати фаъолона ва ноил гардидан ба дастовардҳои назарраси варзишӣ дар мусобиқаҳои гуногунсатҳ ҷаҳду талош намоянд.

Тибқи иттилои мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Хусравшоҳ Исмоилов варзишгарони шаҳри Бӯстон соли 2016 дар мусобиқаҳои кушоди шаҳрӣ, 54 медали тилло, 51 медали нуқра ва 67 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар мусобиқаи вилоятӣ бошад ширкат варзида 36 медали тилло, 38 медали нуқра ва 43 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 39 медали тилло, 14 медали нуқра ва 22 медали биринҷӣ, дар мусобиқаи байналмиллалӣ 2 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар маҷмӯъ 367 медал аз он ҷумла 129 тилло, 105 нуқра ва 133 биринҷӣ мебошад.

Мамнури МЭЛС

Add comment


Security code
Refresh