Афзоиши сайёҳони хориҷӣ

- Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон давоми соли 2016 фаъолияти мунтазам бурда, ба маблағи 2 миллиарду 129 миллиону 523 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2015-ум 633 млн. 341,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра аз 30 корхонаи саноатии шаҳр 16-тои онҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,8 то ба 280 фоиз ба иҷро расониданд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳр Матлубахон Сатторзода ба рўзноманигорон.

Ҳамзамон ў афзуд, ки дар соли сипарӣ корхонаҳои шаҳр бо 25 кишвари ҷаҳон ҳамкории тиҷоратиро ба роҳ монда, ба маблағи 223 млн. 766,94 ҳазор доллари ИМА маҳсулот содирот ва ба маблағи 58 млн. 887,3 ҳазор доллари ИМА маҳсулот ворид намуданд, ки фарқияти содирот аз воридот 3,8 маротиба зиёд мебошад.

Баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр 28 иншооти истеҳсолию коммуналӣ ва манзилӣ ба истифода дода, ба маблағи 52 млн. 126 ҳазору 747 сомонӣ корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ ба иҷро расонида шуданд.

Инчунин, раиси шаҳр аз дастовардҳои соҳаҳои мухталиф ёдовар шуда, зикр кард, ки дар соли сипарӣ КМ ТК «Апрелевка» ва НБО Қайроққум фаъолияти пурсамар намуда, сазовори номи беҳтарин корхонаҳои саноатӣ дар вилояту ҷумҳурӣ гардиданд. Дар «Соли фарди солим» бошад, барои таъмиру таҷдид ва харидани таҷҳизоти тиббӣ ба муассисаҳои тандурустӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ беш аз 700 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда, аз тарафи соҳибкорону корхонаҳо ба маблағи зиёда аз 150 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ харида шуд. Дар натиҷа Маркази саломатии шаҳри Гулистон дар ҷамъбасти озмуни вилоятӣ сазовори ҷои аввал гардид.

Бояд зикр кард, ки шаҳри Гулистон ба ғайр аз шаҳри саноатӣ будан минтақаи истироҳатию фароғатӣ маҳсуб меёбад. Соли сипарӣ дар осоишгоҳҳои шаҳр расман 22692 нафар, аз он ҷумла 3245 нафар хориҷиён баҳри истироҳату саёҳат ташриф оварданд. Бо ташрифи сайёҳон ба буҷа 18 млн. 829,2 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки аз он 3 млн.167,8 ҳазор сомониаш аз ҳисоби туризми беруна мебошад.

Сипас, рўзноманигорон ба раиси шаҳр бобати фаъолият надоштани Комбинати маъдани Адрасмон, вазъи таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нўшокӣ, рушди сайёҳӣ, омодагии сокинони шаҳр ба ҷашнҳои дар пешистода, эълон гардидани Соли ҷавонон ва ғайра суолҳо дода, посух гирифтанд.

Абдуғафур АМИНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh