Конибодомиён ғолиб омаданд

Дар шаҳри Конибодом мусобиқаи вилоятии минтақавии ҳарби варзиши «Ватанпарвар» доир гашт.

Дар он аз шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Fафуров, Гулистон, Конибодом ва ноҳияи Ашт ширкат варзида ҳунару истеъдоди худро нишон доданд. Ҳарбиёни оянда аз рӯи шартҳои машқи сафороӣ, тирпарронӣ, пӯшидани ниқоби зидди газӣ, якчанд намудҳои варзиши сабук ва ғайраҳо байни худ қувва озмуданд.

Қобили қайд аст, ки дар майдон танҳо беҳтаринҳо ғолибони шаҳру ноҳияҳо ба ҳамдигар рӯ ба рӯ шуданд, ки аз ҳунарнамоии онҳо мухлисони сершумор якҷаҳон баҳра гирифтанд. Дар ҷамъбаст  дастпарварони МТМУ №11-и Конибодом бо роҳбарии Маъмурҷон Тӯйчиев ғолибият ба даст оварданд. ҳамзамон, онҳо соҳиби роҳхат ба мусобиқаи вилоятии «Ватанпарвар» гардиданд. Мақоми дуюмро ноҳияи Бобоҷон Fафуров ва зинаи сеюмро ҳарбиёни оянда аз шаҳри Исфара ишғол намуданд.

Алиҷон МАҲМУДОВ

Add comment


Security code
Refresh