Чолокию далерӣ шиори ҷавонмардист

Бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, бахши занон ва оила, дар якҷоягӣ бо НТҶҶ «Созандагони Ватан» ва мактаби варзишии бачагону наврасони ноҳия дар Хонаи маданият ноҳияи Деваштич озмуни ноҳиявӣ таҳти унвони «Чолокию далерӣ-шиори ҷавонмардист» баргузор гардид.

Аъзо ва ҷонибдорони ТҶҶ «Созандагони Ватан» Исфандиёр Рофиев – иштирокчӣ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53, Ифтихори Ихтиёр – иштирокчӣ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 47, Амир Худойдодов – иштирокчӣ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 38, Иброҳим Баротов – иштирокчӣ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17, Шерзод Маҳмадалиев – иштирокчӣ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16 аз рӯйи панҷ шарт: муаррифӣ, саволу ҷавоб доири масъалаҳои сиёсӣ ва варзишӣ, иҷрои машқҳои варзишӣ, мавзӯи озод ва намоиши маҳорати рӯзгордорӣ байни ҳам рақобатӣ намуданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ муовини Раиси ноҳия Рафоат Каримова қайд намуд, ки беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илму донишандӯзӣ ва забономӯзии ҷавонон, аҳамияти махсус медиҳанд. Имрӯзҳо ҷавонони созанда баробари замон қадам мезананд, то ин ки ватани азизамон зебо гардаду гул-гул шукуфон бошад.

Барномаи фарҳангию фароғатии ҳунармандони шӯъбаи фарҳанги ноҳия хотири иштирокдоронро болида гардонид. Дар охир барои иштироки фаъолонаи хонандагон Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинии мазкур супорида шуд.

Лоиқ ТӮЙЧИЕВ,
мутахассиси бахши таблиғоту
иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh