Баргузории мусобиқаи «Ватанпарвар» дар Деваштич

Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Деваштич бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи маориф, комиссариати ҳарбии ноҳия, НТҶҶ «Созандагони Ватан», ТҶ «Таҳмина», мактаби варзишии бачагону наврасон ва ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур дастаҳо аз муассисаҳои таълимии тамоми xамоатҳои шаҳраку деҳот ширкат варзиданд.

Мақсад аз баргузории мусобиқа баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, тарғибу ташвиқ намудани меҳанпарастӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, мустаҳкам намудани дӯстӣ байни наврасону ҷавонон, озмоиши қувваи ҷисмонӣ ва омодогии иштирокчиён ба мусобиқаи вилоятию ҷумҳуриявӣ буд. Хонандагон аз рӯйи намудҳои сафороӣ, машқҳои амалӣ аз мудофиаи шаҳрвандӣ, ҳаво додани норинҷак, давидан ба масофа, ҷаҳидан ба дарозӣ, бехатарии зидди сӯхтор ва дигар шартҳо байни ҳамдигар қувваозмоӣ намуданд. Дар мусобиқа наврасону ҷавонон маҳорати баланд нишон дода, бори дигар исбот намуданд, ки дар ҳақиқат онҳо барои ҳимояи марзу буми Ватани хеш дар сафи Артиши миллӣ омодаанд.

Баъд аз ҷамъбасти мусобиқа ғолибон муайян гардида, ҷои якумро хонандагони МТМУ№43-и Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич, зинаи дуюмро хонандагони МТМУ№6-и Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ ва ҷойи сеюмро хонандагони МТМУ№1-и Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ ишғол намуданд.

Лоиқ ТӮЙЧИЕВ,
ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh