Олимҷон Зоҳидзода сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд таъин гардид

Дар асоси фармоиши раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо розигии Раиси вилояти Суғд Олимҷон Зоҳидзода сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд таъин гардид.

Муаррифии сардори нави Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят дар маҷлисгоҳи Қасри варзиши маркази вилоят бо иштироки муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ баргузор шуд. Чуноне иттилоъ дода шуд, Олимҷон Зоҳидзода то лаҳзаи таъин шуданаш ба вазифаи сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Ӯ дар чанд соли ахир мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд.

Назира Ғаффорӣ зимни муаррифии роҳбари нави раёсат аз дастгириҳои давлатии ҷавонон ёдовар шуда, изҳори умед намуд, ки Олимҷон Зоҳидзода барои давлату миллати худ содиқона хизмат мекунад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh