Баргузории мусобиқаи футболи хурд байни духтарон

Дар доираи эълон шудани соли 2017-Соли ҷавонон бо иқдоми кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкории бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, шӯъбаи маорифи шаҳр дар  муассисаи варзишии наврасону кӯдаконаи № 1-и шаҳри Хуҷанд давоми 20 рӯз мусобиқаи хурди футбол байни духтарони хонандагони мактабҳои шаҳр доир гардид. 

Дар даври ниҳоии мусобиқа футболбоздухтарони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6 бо толибилмони Гимназияи №1 вориди рақобат гардида, онҳоро бо ҳисоби 3 бар 0 шикаст доданд. ҳамин тавр, футболбозони МТМУ №6 Ҷоми ин мусобиқаро ба даст оварданд. Ҷойҳои дуюму сеюмро варзишгардухтарони гимназияи рақамҳои 1 ва 24 ба даст оварданд.

Аз рӯи баҳодиҳии ҳайати ҳакамони мусобиқа дарвозабони беҳтарин Суман Муродва, толибилми МТМУ№15, муҳофизатгари беҳтарин Заррина Додобоева аз МТМУ№15, ниммуҳофизатгари беҳтарин Мунаввара Ғафурова аз Гимназияи рақами 1, ҳамлагари беҳтарин Манзура ҳакимова аз Гимназияи 24, нишонзани беҳтарин Миҷгона Марофиева аз МТМУ №6 дониста шуданд. Ба онҳо дар вазъияти тантанавӣ тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроия супорида шуд.

ҳамчунин барои маҳорати баланди варзишӣ иштирокчии аз ҳама хурди мусобиқа Кибриё Муҳиддинова аз МТМУ №6 бо тӯҳфаи хотиравӣ тақдиронда шуд. 

Дар расми ҷамъбасти мусобиқа раиси Кумитаи иҷроияи ҳХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар қайд кард, ки бори нахуст чунин мусобиқа байни духтарон доир шуда, ҳадаф аз баргузории чунин тадбир тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа ва густариши робитаҳои дӯстӣ байни ҷавонон ва наврасон мебошад. Мавсуф ҳамаи ғолибонро бо ин дастовард табрик намуда, қайд кард, ки чунин мусобиқаҳо минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Абдусабури АБДУВАҲҲОБ

Add comment


Security code
Refresh