Мактаби маҳорат ва санъати варзиш

“Аз таҷрибаи устодон бархурдор гаштам”–мегўяд иштирокчии Чемпионати ҷаҳон оид ба брейк-данс

Нахустин бор дар мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ, ки аз рўи варзиши муосири брейк-данс сурат гирифт, варзишгари тоҷик ҳам ширкат дошт. Ин ҷавон Саидакмал Саидзода буда, аз мусобиқаи ҷаҳонӣ бо дастоварди шоиста ба Ватан баргашт.

Ў дар меҳмонии “Ҳақиқати Суғд” буд ва таассуроти худро ба мо нақл кард.

- Нахуст суоли маъмулӣ: - аз ин сафар чӣ таассурот бардоштед?

- Таассурот хеле васеъ ва рангин аст, ки ҳанўз ҳам худро дар муҳити гарми ин мусобиқаи ҷаҳонӣ эҳсос мекунам. Қабл аз ин, дар якчанд мусобиқаи байналхалқӣ иштирок доштам, вале ин нахустин баромади ман дар Чемпионати ҷаҳон буд. Аз ин рў, ҳар лаҳзаи он бароям хотирмон ва ҷолиб аст.

Дар кишварҳои Аврупо брейк-данс ҳамчун варзиш ва санъат хеле рушд карда, дар Осиёи Миёна ҳанўз он ба намуди маъмули варзиш табдил наёфтааст. Пеш аз мусобиқа вақте бо намояндагони кишварҳои дигар ҳамсўҳбат шудам ва худро намояндаи дастаи Тоҷикистон муаррифӣ кардам, онҳо дар ҳайрат монданд. Наход намояндаи Тоҷикистон дар ин намуд ба Чемпионати ҷаҳон роҳ ёфта бошад…

- Аз кишварҳои Осиёи Миёна ёдовар шудед, ба ғайр аз Шумо намояндагони боз кадом минтақаҳо ҳузур доштанд?

- Аз Қазоқистон 3 нафар, Қирғизистон 1 нафар буданд ва Тоҷикистонро ман муаррифӣ кардам. Мо, панҷ нафар дастаи Осиёи Миёнаро ташкил карда, баромад намудем. Чемпионатро ҳакамони ботаҷриба доварӣ карда, ба ҳунарнамоии мо баҳои баланд доданд. Дар чемпионат аз 40 давлати ҷаҳон варзишгарон дар ин намуди варзиш иштирок доштанд. Дар маҷмўъ, байни 87 даста мусобиқа сурат гирифт ва дастаи мо зинаи 16-умро касб намуд.

- Ниҳояти мусобиқа чӣ шуд?

- Ҷойи аввалро аз ҳисоби даставӣ варзишгарони Федератсияи Русия ва аз якка варзишгари Амрико соҳиб шуданд. Моро бошад, бо Сертификати иштирок дар Чемпионати ҷаҳон қадр карданд, ки имкони иштирок дар мусобиқаҳои минбаъдаро пайдо намудем. Фикр мекунам, ки бароям роҳҳои зиёд боз шуданд ва аллакай ба Чемпионати соли 2017, ки дар Амрико баргузор мешавад, даъват намуда истодаанд.

- Иштироки Шумо дар ин чемпионат чӣ гуна даст дод?

- Тавре дар боло гуфтам, қаблан дар мусобиқаҳои байналхалқӣ, ки дар Олмон, Полша, Белорус ва Қазоқистон доир шуда буданд, иштирок карда, ҷойҳои намоёнро соҳиб гашта будам. Соли 2016 дар Тоҷикистон Чемпионат оид ба брейк-данс баргузор шуд ва дар он унвони Чемпиони Тоҷикистонро ба даст овардам. Натиҷаи дастовардҳои қаблӣ буд, ки маро ба Чемпионати ҷаҳон - 2016 даъват карданд. Баъди гирифтани даъватнома дар фикри дарёфти хароҷоти сафар афтодам. Хушбахтона, бо дастгирии Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ маблағи сафар пардохт гардид, ки аз ин фурсати муносиб истифода бурда, миннатдории самимии худро баён мекунам.

- Барои иштирок дар чемпионати навбатӣ, ки дар Амрико баргузор мешавад, омодагӣ чӣ хел аст?

- Чӣ хеле, ки гуфтам, ба шарофати иштирок дар Чемпионати ҷаҳонӣ аз мактаби бузурге гузашта, аз устодони соҳа таҷрибаи кофӣ гирифтам. Бовар дорам, ки онҳоро дар мусобиқаҳои минбаъда амалӣ мегардонам. Инсон бояд дар ҷавонӣ вақтро ғанимат шуморад. Имсол “Соли ҷавонон” эълон шудааст. Дилпур ҳастам, ки бо муваффақияти худ ба ин соли хотирмон тўҳфаи сазоворе пешкаш менамоям.

Иқболи КЎҲИСТОНӢ

Add comment


Security code
Refresh