Мусобиқаи футболи вилоятӣ дар Деваштич

Бахшида ба соли  2017 «Соли ҷавонон» ва 20 солагии Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Деваштич баҳри ёдбуди корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Богут Холов бо ташаббуси НТҶҶ «Созандагони Ватан» ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия дар якҷоягӣ бо мактаби варзишии наврасону кӯдакон мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба футбол байни наврасони соли таваллудашон 2003-2004-и мактабҳои варзишии вилояти Суғд оғоз гардид.

Мақсади мусобиқаи мазкур баланд бардоштани ҳисси ватандўстии ҷавонон, оммавӣ намудани футбол байни наврасон, мустаҳкам намудани дӯстӣ пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи мазкур намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Алишер Камолов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Олимҷон Зоҳидзода, муовини раиси ноҳияи Деваштич Бунафша Ғиёсиддинзода ва роҳбари НТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия Сарвар Саидов ширкат варзиданд. Муовини раиси ноҳия Бунафша Ғиёсиддинзода ва сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Олимҷон Зоҳидзода дар баромадҳои хеш зикр намуданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар диққату эътибор ба рушди варзиш хеле пурзӯр гардида, бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зиёд амалӣ мегарданд. Имрӯз нисбат ба ин ғамхории давлату ҳукумат, бахусус Пешвои миллат варзишгарони кишвар ҷисмонан обу тоб ёфта, Парчами Тоҷикистонро дар байни мамлакатҳои дигар баланд бардошта истодаанд.

Дар мусобиқа дастаҳои шаҳри Хуҷанд, шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои шаҳри Бўстон, шаҳри Истиқлол, Мастчоҳ, Деваштич, Ҷаббор Расулов, Спитамен, ноҳияи Шаҳристон ва дастаҳои Муассисаи давлатии мактаби варзишии вилояти Суғд байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд.

Мусобиқа давоми панҷ рўз идома ёфта ғолибон бо ҷоми сайёр, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаҳои сарпарастон қадрдонӣ карда мешавад.

Лоиқ Тўйчиев,
ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh