Бо маҳорати худ Тоҷикистонро муаррифӣ менамоям!

Суруш Каримов зодаи деҳаи Зарафшони ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошад. Соли 2013 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12-и деҳаашро хатм намудааст. Аз замони мактабхонӣ пайваста варзиши намуди гўштини миллӣ, самбо ва дзюдоро тамрин мекард. Ў чанд маротиба ҷоизадори ҷумҳурӣ, Осиё ва ҷаҳон дар намуди варзиши самбо мебошад. Мавсуф шогирди Абдуқаҳҳор Қодиров, устоде, ки чандин варзишгарони номиро ба воя расонидааст.

Ба намуди самбо ва дзюдо шавқу ҳаваси зиёд дорад. Ў бисёртар ба услуби варзишгарон Расул Боқиев ва Комроншоҳ такя менамояд.

- Дар бораи фаъолияти варзишиатон сухан мекардед?

- Ҳанўз ҳангоми хонандаи синфҳои 5-6 буданам, бо варзиши гўштини миллӣ, самбо ва дзюдо машғулам. Дар варзишгоҳи деҳа бо дастгириву роҳбарии устодон Ҳусейн Зокиров ва Меҳроб Одинаев тамрин менамудам. Баъд аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дохил шудам ва дар варзишгоҳ тамрин намуда, барои малакаи варзишии худро баланд бардоштан пайваста машқ менамудам. Соли равон ба Мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Суғд рафтам. Тайи чанд сол мешавад, ки бо роҳбарии устоди меҳрубонам Абдуқаҳҳор Қодиров пайваста дар намуди гўштини самбо тамрин менамоям.

- Дар бораи дастовардҳоятон ҳарф мезадед?

 - Дар байни чандин соле, ки тамрин мекунам, ба дастовардҳои зиёд ноил гардидам. Бо натиҷаҳои хуб мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналхалқиро паси сар карда истодаам. Дар байни ин солҳо чор маротиба чемпиони ҷумҳурӣ дар намуди гўштини самбо шудам. Аз соли 2013 то соли 2015 инҷониб се сол пайи ҳам чемпиони қитъаи Осиё гаштам.

Соли 2013 дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ дар Чемпионати қитъаи Осиё, соли 2014 дар чемпионати Осиё, шаҳри Тошканд соли 2015 чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Аттиравони Қазоқистон шуд, дар намуди гўштини самбо соҳиби ҷойи аввал гардидам. Байни ин солҳо дар мусобиқаҳои байналхалқӣ низ ширкат намуда, моҳи октябри соли 2013, ки чемпионати ҷаҳон дар Гретсия баргузор гардид, мақоми сеюмро ишғол намудам.

Ҳамчунин, соли 2014 дар ҷумҳурии Кипр, ки қувваозмоиҳо барои Ҷоми ҷаҳон баргузор гардид, мақоми панҷумро соҳиб шудам. Алҳол бошад, кўшиш ба он дорам, ки дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ва олимпиадаи байналхалқӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия фаъолона иштирок намоям. Умедворам, ки дар ин мусобиқаҳо низ Парчами давлати азизамро баланд мебардорам.

- Беҳтарин хотироти варзишиатон кадом аст?

 - Вақте ки ба мусобиқаҳои ҷаҳонӣ меравем, бо ёру дўстони зиёде ошноӣ пайдо мекунем, бароям хотирмон аст. Лек аз ҳама хотироти беҳтаринам лаҳзаҳои гирифтани ҷойизаи чемпионатҳои ҷаҳон буда, Парчами Ватани азизамро зери садои Суруди миллӣ баланд бардоштану ашки шодӣ рехтанам буд.

- Кадом лаҳза барои Шумо мушкил буд?

- Ҳар як варзишгар барои пирўзиро ба даст овардан ба майдон мебарояд. Лаҳзаҳое мешаванд, ки бе пирўзӣ мемонад, яъне ба муаммоҳо дучор меояд. Соли 2014-ум дар мусобиқаи Ҷумҳурии Кипр барои ҷои сеюм иштирок мекардам. Дар ин бозӣ ҳарифи якумамро мағлуб намудам, вақте ки бо ҳарифи дуюм муҳориба доштам, аз даст ҷароҳати вазнин бардоштам ва натавонистам бозиро идома диҳам, бо ҳамин муваффақиятро аз даст додам. Ин воқеаро ман лаҳзаи душвори варзишиам меҳисобам.

- Таманниёти Шумо!

 - Пеш аз ҳама ба ҷавонон гуфтаниам, ки ҳамеша дар кўшиши илм бошанд, яъне илмҳои замонаи худро омўзанд, пайваста ба варзиш машғул ва пайрави Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд.

 - Ташаккури зиёд барои сўҳбат!

Сўҳбаторо
Саидзариф ЗАРИФОВ,
таҷрибаомўзи «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh