Оинаи ростнамо

Комроншоҳи Устопириён, ки беҳтарин варзишгари вилояти Суғд ва ҷумҳурӣ дониста шудааст, дар оилаи паҳлавонони авлодӣ ба дунё омада, омўзиши усулҳои гўштинро аз 3-солагӣ оғоз намудааст. Падараш Устои Устопириён Устоди варзиш, Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосгузори гўштини миллӣ, самбо ва дзю-до дар вилояти Суғд мебошад. Кохи варзишии «Ланглиф», ки ў дар ноҳияи Ҷаббор Расулов созмон додааст, имрўз дар тамоми ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳур аст.

Бародари калонии Комроншоҳ - Фаридуншоҳ низ беҳтарин паҳлавони тоҷик дар намуди гўштини самбо шинохта шудааст. Чемпиони 6-каратаи ҷумҳурӣ, ғолиби Спартакиадаи Тоҷикистон, ғолиби Спартакиадаи ҷавонон ва донишҷўён, дорандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон, Чемпиони дукаратаи Осиёи Марказӣ оид ба гўштини самбои муҳорибавӣ, дорандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон байни ситораҳои самбои ҷаҳон, Устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ мебошад. Сўҳбате доштем, бо Устоди варзиш Устои Устопириён ва Комроншоҳ.

Гўштингирӣ-фалсафа аст

– Дар назари аввал гўштингирӣ саҳлу осон менамояд. Лекин барои варзишгари касбӣ шудан меҳнати зиёд сарф намудан лозим аст. Гўштин дар қатори варзиши бадан будан, як шохаи илми фалсафӣ низ мебошад. Гўштингирии тоҷикон ба ташаккули гўштини дигар миллатҳо таъсири калон расонидааст ва борҳо паҳлавонони ин миллат Ватани худро аз истилогарон эмин доштаанд. Масалан, ҳангоми ҳуҷум Искандари Мақдунӣ кўҳистониеро асир мегирад ва аз ў мепурсад, ки чӣ касб дорӣ? Ў ҷавоб медиҳад, ки ман паҳлавонӣ мекунам. Ба саволе, ту бо ин мардони бузургҷусса, ки ҳамроҳи мананд, қувваозмоӣ мекунӣ? Дар ҷавоб ў мегўяд, ки ман бо як шарт гўштин мегирам. Агар ғалаба кунам, ба деҳа ва мардуми ман кордор намешавӣ, агар бохтам, ихтиёр турост. Чунончӣ, дар таърих медонем, Искандари Мақдунӣ беҳтарин зўроварони кишварҳои забткардаашро бо худ мегирифт.

Қувваозмоӣ оғоз меёбад. Гўштингири кўҳистонии тоҷик пайи ҳам ҳарифони пурзўрашро мағлуб мекард ва ҳар навбат усулҳои нав ба навро истифода карда, Искандарро дар ҳайрат мегузошт. Искандар таклиф намуд, ки ман туро сарвари ҳимоятгарони худ мекунам. Дар ҷавоб гўштингири кўҳистонӣ иҷрои шарти мондаашро талаб намуд ва Искандар ноилоҷ ба ваъдаи худ вафо кард ва ба деҳаву мардуми ў кордор нашуд.

«Ман дуо гўям бароят, зўр гардад панҷаҳоят»

Агар ба намудҳои гўштини самбо ва дзю-до назар кунем, қариб 80 фоиз аз гўштини миллии мо гирифта шудаанд. Бесабаб нест, ки паҳлавонони тоҷик дар ин намуди гўштинҳо натиҷаҳои назаррас доранд.

Комроншоҳ ҳанўз мактабхон буд, ки ба натиҷаҳои назарраси варзишӣ комёб шуд: қаҳрамони ҷумҳурӣ оид ба гўштингирӣ, самбо ва дзю-до, аъзои дастаи яккачини ҷумҳурӣ оид ба ин се намуд гашт. Чемпиони Осиё ва дорандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон, ғолиби мусобиқаҳои байналхалқӣ дар шаҳрҳои Самарқанд, Бишкек ва Тошканд.

Бояд қайд намоем, ки оилаи Устопировҳо барои Тоҷикистони азиз аз чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё 4 медали тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ овардаанд.

Комроншоҳ ба арсаи гўштин хеле барвақт, овони бачагӣ (ҳанўз талабаи мактаб буд) омад. Ибтидо дар мусобиқоти вилоятӣ, баъдан байналмилалӣ дар шаҳрҳои Тошканд, Хуҷанд, Чирчиқ, Самарқанд, Бухоро, Қўрғонтеппа, Ваҳдат, Ўш ба майдон баромад ва шарафи варзиши тоҷикро ҳимоя намуд. Солҳои 2005, 2007, 2008 ва 2009 бошад, гўштингири наврас дар қувваозмоиҳо байни ҳамсолони худ дар вазни 70-75 кг баромад карда, пай дар пай ба гирифтани медали тилло мушарраф гардид. Коршиносони соҳаи гўштингирӣ дар ў қувват ва қобилияти фавқулоддаро зуд пайхас намуданд. Комроншоҳ ба ҳайати дастаи ҷумҳуриявии гўштингирони наврас пазируфта шуд.

Гўштин шуғли аҷдодист

Пас аз муваффақият дар мусобиқаи Осиё Комроншоҳ бо медали биринҷӣ ба Ватан баргашт, устодон, бахусус падараш боварии комил ҳосил карданд, ки ин шогирди қобилашонро шарафи бузурги муаррифии варзиши миллати худ дар арсаи ҷаҳонӣ дар пеш аст. Тамринро пурзўр карданд. Мактаби гўштини Устои Устопир, ки садҳо паҳлавони болаёқатро ба воя расонидааст, бо ҷиддияти том Комроншоҳро ба қувваозмоии ҷаҳонӣ омода мекард.

– Қаҳрамони ҷаҳон шудан, дар арсаи байналхалқӣ пеши назари аҳли олам қомат кашидан орзуи ҳар варзишгар бошад ҳам, ба гумонам на ҳар кас аз ӯҳдаи он баромада метавонад. Табиист, пайи расидан ба ин шарафмандӣ толибони он мақсаду ҳадаферо дунбола мегиранд, ки он бароямон муқаддас ва илҳомбахш аст. Ҳадафи шумо чӣ буду маҳз ба гўштин гаравиданатон чӣ боис аст? –пурсидем аз Комроншоҳ.

–Гўштин дар оилаи мо шуғли аҷдодист. Табори Устопириён пушт андар пушт гўштингир буданд, шукр, ки ҳастем ва иншооллоҳ, хоҳанд буд.

Шукронаи Комроншоҳ аз Истиқлолу Ваҳдат!

Шукри даврони Истиқлол, ки ман зодаву парвардаи онам, аз ин фахр дорам, барои варзиши тоҷик роҳро сўи арсаи байналхалқӣ боз кард, ба мо имконият фароҳам овард, ки аз номи миллати худ, зери Парчаму Нишони давлати тоҷик баромад кунем.

Ман дар вохўрие, ки Президенти кишварамон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони ҷумҳурӣ доир намуданд, иштирок доштам. Ин ҳамоиши аҳли варзиш худ як ифодаи ғамхории Сарвари давлатамон ба мо ҷавонон, нисбат ба ояндаи варзиши тоҷик аст. Ман ҳис кардам, ки воқеан ҳам азму талошҳоямон қадр карда мешаванд.

Тақдирҷунбони Комроншоҳ кист?

Падараш Устопир бо як самимияти хос ва ифодаи эҳтиром ба ин савол ҷавоб гуфт: Комроншоҳ паҳлавони соҳибмактаб аст. Дастгирии Раиси вилоят, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар ин самт алоҳида эҳсос мегардад.

Гуфтан мумкин аст, ки муҳаббату садоқати худро ба ҳайси як ватандори асил бо ҳамин амали савобашон, яъне мусоидат намудан ба роҳёбии паҳлавонони тоҷик, аз ҷумла фарзандони ин банда Фаридуншоҳ ва Комроншоҳ, як зумра шогирдони дигари Кохи варзишии Ланглиф ба халқу Ватан ифода кардан доранд.

Машқу тамринҳо ва қобилияту қуввати паҳлавонони муваффақ як омил бошад, омили дигари бурдҳоямон дар сабқатҳои байналмилалӣ ва азму саховати беғаразонаи ҳамин абармардон аст.

Ташаккур, барои сўҳбати самимона, таманнои онро дорем, ки чунин абармардони тоҷик ба мисли оилаи Устопириён зиёд гарданду Парчами давлатии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

Шаҳноза Ҳомидова,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh