Маҳорат ва чеҳраи варзишгарон

Нишасти матбуотӣ бо иштироки рўзноманигорони воситаҳои ахбори омма ва намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят баргузор гардид.

Сардори Раёсат Олимҷон Зоидзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар нимсолаи аввали соли 2017 маълумот дод. Қайд гардид, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави вилоят чорабиниҳои оммавӣ ва аксияву ҳамоишҳои ташвиқотиву таблиғотӣ, иттилоотию маърифатӣ, тарбиявию ахлоқӣ, меҳнатдўстию созандагӣ, фарҳангӣ ва маънавию маърифатидошта бо фарогирии 25000 ҷавон гузаронида шуданд.

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба «Соли ҷавонон» нахустин Фестивал-озмуни байналмилалӣ оид ба брейкданс бо иштироки зиёда аз 400 ҷавон баргузор гардид. Дар фестивали мазкур 26 нафар брейкдансчиён аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ширкат варзида, бо диплом, медал, ҷом ва мукофотпулӣ қадр гардиданд.

Дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати зеҳнии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои вусъати нерўи эҷодӣ, арҷгузорӣ ва ҳифзи беҳтарин анъанаҳои ҳунари миллӣ, рушду инкишофи ташаббускорӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои оиладорӣ, фарҳанги либоспўшӣ ва мусоидат ба ривоҷу равнақи истеъдодҳои ҷавон Фестивал-озмуни вилоятии «Гулдухтарони суғдӣ», «Озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят», «Ҷавонон-рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ», «Нигоҳи нав ба мўди ҷавонон» ва ғайра баргузор гардид.

Варзишгарони вилоят давоми шаш моҳи соли 2017 дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ба гирифтани 3228 медал, аз ҷумла 996 медали тилло, 932 медали нуқра ва 1300 медали биринҷӣ шарафёб гардиданд, ки дар маҷмўъ 1791 медал нисбат ба соли 2016 зиёд мебошад.

Дар қатори даҳҳо варзишгар номи Комроншоҳи Устопириён байни ҳамагон маъруф гаштааст. Зеро ў тавонист медали тилло ба даст оварда, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Моҳи майи соли 2017 дар Чемпионати Осиё оид ба гўштини дюздо дар шаҳри Гонгконги Ҷумҳурии Халқии Хитой дар вазни 90 килограмм байни 17 варзишгари Осиё сазовори ҷои якум ва медали тиллои ин мусобиқаи бонуфуз гардид. Имрўз Комроншоҳи Устопириён 2160 холи олимпӣ ба даст оварда, байни 340 варзишгари дунё дар ин намуди варзиш мақоми сеюмро касб намуд.

Ҷавонпаҳлавон Ҷаҳон Қурбонов бошад, дар Чемпионати Осиё оид ба бокс, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ўзбекистон баргузор гардид, бо вазни 91 килограмм иштирок намуда, дар байни 29 давлат сазовори ҷои сеюм ва медали биринҷӣ гардида, барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ин намуди варзиш роҳхат гирифт.

Дар фарҷом рўзноманигорон ба суолҳои худ аз масъулин ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Шоира САЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh