Баргузории марафони велосипедронӣ

Бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон, дар асоси нақша-чорабиниҳо бахшида ба “Соли ҷавонон” чорабинии варзишии марафони велосипедронӣ баргузор гардид.

Дар расми ифтитоҳи мусобиқа муовини раиси шаҳри Бӯстон Ғафур Зоирӣ ширкат намуда, оид ба дастгирии давлатии варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ибрози назар намуда, баргузории силсиламусобиқаҳои варзиширо дар “Соли ҷавонон” фоли нек арзёбӣ намуд.

Тибқи иттилоъ, дар марафони велосипедронӣ зиёда аз 100 нафар наврасону ҷавонон ва бонувон ширкат варзида ғолибон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 Мамнури МЭЛС

Add comment


Security code
Refresh