Дар мусобиқаи вилоятӣ оид ба велосипедронӣ 300 нафар иштирок намуданд

Субҳи имрӯз тибқи нақша - чорабинии Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар маркази вилоят мусобиқаи вилоятӣ оид ба велосипедронӣ баргузор шуд.

Тавре аз Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят иттилоъ доданд, мусобиқаи мазкур бахшида ба Соли ҷавонон ва 26 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд ва дар он зиëда аз 300 нафар ҷавонону наврасон иштирок намуданд.

Дар маросими кушодашавии мусобиқаи мазкур сардори Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Олимҷон Зоҳидзода иштирок намуда, ҳамаи иштирокчиëнро бо фарорасии Иди Қурбон ва 26 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик намуд.

Мусобиқаи мазкур аз назди Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол” оғоз гардида, дар назди Боғи фарҳангӣ ва фароғатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба итмом расид.

Дар фарҷоми мусобиқа аз тарафи Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ба ғолибон ва ҷоизадорон диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh