Муждаи зафар

Аз 17 то 27-уми сентябр дар Ҷумҳурии Туркманистон, шаҳри Ашхобод мусобиқаи бонуфуз – Бозиҳои V Осиё дар иншооти пўшида ва ҳунарҳои рамзӣ бо иштироки варзишгарон аз 62 давлат доир гашт.

Варзишгарони Муассисаи давлатии варзишиии мактаби «Зарафшон» -и ноҳияи Ҷаббор Расулов таи шаш моҳ машқу тамринҳои дастаҷамъона гузаронида, ба ин мусобиқа бо омодагии ҳамаҷониба омаданд омаданд. Варзишгарони  МДМВ «Зарафшон» бо роҳбари директори ҳамин муассиса Шоҳин Гулов ба натиҷаҳои хеле хуб ноил гаштанд.

Ғиёсиддин Раҷабзода, Эгамназар Каримзода, Беҳрўз Гулмуҳаммадзода, Ибодулло Алибердизода ва Муҳаммад Миров ба гирифтани медалҳои нуқра сазовор гаштанд. Хуршед Шарифов соҳиби ду медали биринҷӣ, Миров Муҳаммад соҳиби се медали биринҷӣ гардиданд. Меҳрзод  Сўфиев, Фаридун Қурбонов, Оятулло Хоҷаев, Фурқат Қаландаров, Эркинбек Абдунабиев, Алибердизода Ибодулло ва Худоёр Раҷабзода низ ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардиданд. Варзишгарони  муассиса дар маҷмўъ соҳиби панҷ медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ гашта, ба ифтихорашон Суруди миллии мо садо дод ва Парчами ҷумҳурии азизамон боло бардошта шуд. «Дар оянда низ кўшиш менамоем, ки бо дастовардҳои хуби худ шўҳрати Тоҷикистонро дар олами варзиш боз ҳам баландтар бардорем» - гуфт Мураббии Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нозир-дастурдиҳандаи МДМВ «Зарафшон» Сўҳроб Неъматов.

Қурбон ҚУРБОНОВ,
рӯзноманигор

Add comment


Security code
Refresh