Соҳиби медалҳои биринҷӣ

Аз 7 то 11 ноябри соли 2017 дар шаҳри Эмейшани Чумҳурии Халқии Корея 7-умин чемпионати ҷаҳон оид ба Кунг-фу баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз 76 мамолики олам ширкат намуданд.

-Дастаи Тоҷикистонро варзишгари номии федератсияи ушу, ҷоизадори чандинкаратаи мусобиқаҳои байналхалқӣ Мирзодалерхон Хуршедзода намояндагӣ кард, - изҳор дошт Президенти Федератсияи ушуи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саминҷон Салоҳиддинов.

Мусобиқот аз рӯи қоидаҳои байналмилалии «IWҒF» оид ба самтҳои варзишӣ ва анъанавӣ гузаронида шуданд. Варзишгари мо аз рӯи барномаи 1 нантсукан «мушти самти ҷануб, 2 барнома бо силоҳи кӯтоҳ Даошу санъати шамшер» баромад намуда, ду медали биринҷӣ ба даст овард.

Бо ин дастовард ба варзишгари мо имконияти иштирок дар Бозиҳои Осиёии соли 2018, ки дар шаҳри Қатари Арабистони Саудӣ баргузор хоҳад шуд, пайдо гардид. Минбаъд моҳи декабр дар шаҳри Санкт- Петербурги Россия мусобиқаи байналхалқӣ оид ба ушуи варзишӣ баргузор мегардад, ки дар он варзишгарони мо иштирок хоҳанд кард.

Дар маҷмӯъ бояд гуфт, ки ушу бо суръат рушд намуда истодааст ва дар ояндаи наздик ушу чун намуди варзиш ба барномаи бозиҳои олимпӣ низ дохил карда мешавад.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh