Ҷавонон – неруи ояндасози ҷомеа

Ҷавонони имрўзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад.

(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 декабри соли 2016).

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон доштанд ва ин рўйдоди таърихӣ боис гардид, ки дар сатҳи вилоят дар бахши ҷавонон дигаргуниҳои куллӣ ба амал оянд. Дар баробари дигар табақаи ҷомеа ҷавонон низ ҷашни таърихӣ – 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишварро ботантана таҷлил намуданд. Чунин тадбир бар он далолат мекунад, ки воқеан ҳам дар низоми давлатдории Тоҷикистони офтобрўяи соҳибистиқлол ба ҷавонон ва татбиқи сиёсати давлатии онон таваҷҷуҳи бештар ва хоса зоҳир мешавад. Воқан ҳам, Тоҷикистон давлати ҷавони тозаистиқлол аст ва 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то синни 30-сола ташкил медиҳанд.

Боиси зикр аст, ки солҳои охир ҷавонон бештар ба варзиш рўй овардаанд ва дар ин самт аз ҷониби мақомотҳои маҳаллӣ хуб дастгирӣ меёбанд. Дарозои ду сол аст, ки ташкилоти ҷамъиятии “Комплекси варзишии “Насли солими ноҳияи Бобоҷон Ғафуров” дар вилоят фаъолият дорад. Ташкилот фаъолияташро дар деҳаи Боғпарвари Ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба роҳ мондааст. Ташкилот бо мақсади бо оворагардӣ машғул нагаштан, ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ нагаравидани наврасон ва ҷавонон, баҳри пойдории саломатӣ намудҳои варзишии каратэ-до, футбол ва волейболро таъсис дода, масъулин кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар баробари машқу тармим дар мусобиқаҳои минтақавӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзанд.

Чемпиони секаратаи ҷумҳурӣ Мухлиса Пўлотова, ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, иштирокчиёни семинари байналмилалӣ оид ба каратэ-до Шоҳрух Каримов ва Ҳусниддин Ҳаназаров, ғолибони мусобиқаҳои вилоятӣ Умарҷон Раҷабов, Мафтуна Ҳошимова, Парвиз Муродзода, И.Лакимов ва М.Рустамов узви фаъоли ин ташкилот мебошанд. Мураббӣ оид ба каратэ-до ва санъати муҳорибаи омехта, сарвари ташкилоти номбурда Парвиз Ҳаназаров зимни суҳбат иброз дошт, ки мақсад аз ташкили ҷамъият ба варзиш рўй овардани насли наврас ва ҷавонон буда, вақти фориғи онҳоро боманфиат гузарондан мебошад. Агар ба таъсисёбии ҷамъият ду сол сипарӣ гардида бошад, дар ин давра мо тавонистем, насли наврас ва ҷавононро дар баробари бо хониш ва меҳнат машғул будан дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷалб намоем. Чунин иқдом имкон медиҳад, ки ҷавонони деҳа бо дигар ҳамсолони худ ошноӣ пайдо карда, аз вазъи ҳамдигар воқиф бошанд. Ҷалби калонсолон ба ин самт имкон медиҳад, ки нисбати ин табақаи ҷомеа ғамхорӣ зоҳир намоем.

Назарҷон Мўъминов ва Хуршед Воҳидов – мураббиён оид ба волейбол ва футбол иброз медоранд, ки мо насли наврасро ба ин самт ҷалб сохта, кўшиш ба харҷ медиҳем, ки дар ҷамъият устувор ва қавиирода ба воя расанд. Аз ин рў, аксари мусобиқа ва чемпионатҳоро дар ҳамин минтақа баргузор менамоем. Аз оғози таъсисёбиаш наврасон ва ҷавонон дар ҳар иду айём, аз ҷумла, дар иди байналмилалии Наврўз, иди Ғалаба, Рўзи Ваҳдати миллӣ, Рўзи Конститутсия ва бахшида ба Рўзи Президент дар мусобиқаҳои варзишии футбол, волейбол ва каратэ-до фаъолона иштирок карданд. Ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар бошад, дар якҷоягӣ бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чорабиниҳои варзишӣ баргузор шуд ва ғолибони мусобиқа бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Гурўҳи варзишгарон сол аз сол пурқувват гардида, дар мусобиқа ва чемпионатҳои гуногуни ноҳиявӣ ва вилоятӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро сазовор шуданд. Моҳҳои феврал ва март дар чемпионати кушоди шаҳри Хуҷанд ва чемпионати вилоятӣ, ки аз тарафи Ташкилоти ҷамъияти “Федератсияи каратэ-до”-и вилоят доир гардид, ҳамчунин мусобиқа бахшида ба Наврўзи байналмилалие, ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд, фаъолона иштирок карданд. Ба муносибати Соли ҷавонон бошад, байни сокинони деҳаи Боғпарвар мусобиқаи футбол ташкил гардид ва бо ин васила аҳолиро ба варзиш ҷалб сохтанд.

 Тавҳида ҶЎРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh