Ҷамбасти мусобиқаи вилоятӣ

Тибқи нақша чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ҷамбасти мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол байни ҷавондухтарон барои дарёфти “Ҷоми Умед” дар майдони варзишии МД “Мактаби варзишии № 1”-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар чорабинӣ сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Зоҳидзода Олимҷон, мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Дилшод Тошбоев ва варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим байни наврасону ҷавонон махсусан ҷавондухтарон, дарёфти беҳтарин варзишгарони касбӣ, мустаҳкам намудани дӯстӣ байни варзишгарон, ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва барои муайян намудани дастаи мунтахаби вилоят доир шуд.

Fолибон бо диплому медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз шуданд.

Шодмон Нурматов

Add comment


Security code
Refresh