Ифтитоҳи толори варзишӣ

Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҷумҳурӣ яке аз деҳаҳои сераҳолитарин ба шумор рафта, он бо вилояти Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад аст. Дерест, ки байни аҳолии ин ду давлат муошират ва ҳамкорӣ идома дорад.

Бо мақсади густариши дўстии ду миллат аксари чорабиниҳо дар байни занон ва ҷавонон дар якҷоягӣ доир мегардад. Мутаассифона, баробари фаро расидани фасли сармо бо сабаби набудани толори зимистона аксар чорабиниҳои фарҳангӣ – маърифатӣ, хосатан варзишӣ баргузор намегардид.

Роҳбари Маркази дастгирии ҷамоати номбурда Мунирҷон Аминов изҳор дошт, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, маъмурияти ҷамоат, соҳибкорон ва дар доираи Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид тибқи лоиҳаи «Ҳамкории байнисарҳадӣ бо мақсади таъмин намудани сулҳ ва рушди устувор» бинои варзишии зимистона қомат афрохт. Бинои варзишӣ барои баргузории минӣ – футбол, волейбол, баскетбол ва гўштингирӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, дар доираи Барномаи мазкур истгоҳи маҳаллии Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиби трактори нав ва воситаҳои ёрирасон гардид. Ҷамоати номбурда давоми ду сол аст, ки бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ҳамкории қавиро ба роҳ монда, соли гузашта дар доираи лоиҳаи «Рушди ҷамоат то соли 2020» дастрасии нақлиёти партовкашонро ба нақша гирифта буд.

- Дар ҷамоат аз соли 2010 инҷониб шуъбаи хизматрасонии хоҷагии коммуналӣ фаъолият барад ҳам, аммо бо сабаби надоштани техника баровардани партов аз хонаҳои сокинон бо ҷалби кормандони кироя ва нақлиёти шахсӣ ба роҳ монда шуда буд, ки дар ин самт аз буҷаи корхона маблағи калон масраф мегардид, - гуфт муовини раиси ҷамоат Абдуҳамид Одинаев. Дар ҷамоати номбурда зиёда аз 24 ҳазор аҳолӣ истиқомат доранд ва хоҷагии коммуналӣ барои 16 ҳазор сокини се деҳа хизмат мерасонад. Алҳол омода намудани нақшаи хатсайри нақлиёт дар ҷойҳо ҷараён дорад.

Тавҳида ҶЎРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh