Ифтитоҳи майдончаи сунъии футболи хурд дар ноҳияи Зафаробод

3 апрели соли 2018 дар ноҳияи Зафаробод бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода варзишгоҳи “Шоҳон”, ки барои гузаронидани футболи хурд мувофиқ гардонида шудааст, мавриди истифода қарор гирифт.

Майдончаи сунъии футболи хурд, ки дар Ҷамоати шаҳраки Зафаробод воқеъ аст, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Умриддин Шамсиев бо харҷи 400 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими ифтитоҳи иншооти варзишӣ аз иқдоми соҳибкор ситоиш кард ва бунёди майдончаҳоро барои ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш муфид арзёбӣ намуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳияи Зафаробод як мактаби варзишӣ, 16 толори варзишӣ, 44 майдончаи варзишӣ ва 2 варзишгоҳ фаъолият мебаранд ва ҳамарӯза 700 нафар ба машқу тамрин машғул ҳастанд. Варзишгарони ноҳия давоми семоҳаи аввали соли равон дар як қатор мусобиқаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби 63 медал, аз ҷумла 12 медали тилло гардидаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh