Беҳтарин варзишгарон муайян шуданд

Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби хонандагон ба омӯзиши Барномаи олимпӣ ва машқҳои ҷисмонӣ бо ибтикори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят  байни хонандагони синфҳои 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят даври вилоятии олимпиада оид ба тарғиби ҳаракати олимпӣ дар «Варзишгоҳ» - и Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Дар олимпиада аз 14 шаҳру навоҳӣ хонандагони варзишгар иштирок намуданд. Олимпиада аз рӯи супоридани тест оид ба тарбияи ҷисмонӣ, таърихи варзиш ва ҳаракати олимпӣ, қувваозмоӣ дар навъҳои  давидан ба масофаи 100м., вазнбардорӣ дастхобонӣ ва ҷаҳидан ба дарозӣ гузаронида шуд.    

Дар ҷамъбасти даставӣ ҷойи якум насиби дастаи ноҳияи Мастчоҳ ва ҷойи дуюмро варзишгарони шаҳри Исфара соҳиб гаштанд. Дастаи шаҳри Хуҷанд мақоми сеюмро  касб намуд.

Ҳамаи ғолибон аз ҷониби Раёсати маориф ва Маркази таҳсилоти иловагии вилоят бо диплом, медал, сипоснома ва Ҷоми олимпиада қадрдонӣ карда шуданд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

 

Add comment


Security code
Refresh