Оғози сохтмони толори варзишии «Паҳлавонони Суғд» дар ноҳияи Мастчоҳ

Зимни сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ, ки рӯзи 14 май сурат гирифт, ба сохтмони толори варзишии «Паҳлавонони Суғд» оғоз бахшида шуд.

Тавре ҳангоми муаррифии лоиҳаи сохтмон иттилоъ доданд, толори варзишии «Паҳлавонони Суғд» барои 400 нафар пешбинӣ гардида, дар муҳлати кутоҳ ва бо сифати баланд сохта ба истифода дода мешавад.

Раиси вилоят дар маҳалли бунёди толори варзишӣ бо теъдоди зиёди варзишгарон ва фаъолони шаҳраки Бӯстон суҳбат намуда, иброз дошт, ки дар доираи “130 рӯзи меҳнати зарбдор”, ки ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободониву бунёдкорӣ, аз ҷумла сохтмони иншооти варзишӣ ҷараён дорад, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани онҳо теъдоди варзишгарон бамаротиб хоҳад афзуд. Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз рушди варзиш дар замони соҳибистиқлолии мамлакат изҳори умед кард, ки дар оянда тарбиятгирандагони толори варзишии бунёдшаванда дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлолро парафшон хоҳанд кард.

Дар аснои суҳбат чанде аз сокинони шаҳраки Бӯстон барои дастгириву ғамхориҳо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ба воя мерасонанд.

Худи ҳамин рӯз бо иштироки Раиси вилоят дар шаҳраки Бӯстон як майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Майдончаи варзишӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Бунёд Исмоилов бо харҷи 300 000 сомонӣ сохта шуда, барои гузаронидани бозиҳои гуногуни варзишӣ пешбинӣ шудааст.

Раиси вилоят дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишӣ иқдоми соҳибкорро ҷиҳати фароҳамсозии шароит ва ҷалби ҷавонон ба варзиш шоистаи таҳсин арзёбӣ карда, ба чанде аз варзишгарон лавозимоти варзишӣ туҳфа кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh