Баргузории марафони велосипедронӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят

Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” ва бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ рӯзи 19 май дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд марафони велосипедронӣ баргузор гардид.

Ин чорабинии варзишӣ дар маркази вилоят аз назди Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол” оғоз ёфт. Дар маросими ифтитоҳии марафони велосипедронӣ муовини якуми Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода суханронӣ намуда, таъкид кард, ки тараққӣ додани варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон яке аз самтҳои мушҳимтарини фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ маҳсуб меёбад. Зеро наврасону ҷавонон ҳар қадар солим бошанд, давлату миллат низ ба ҳамон андоза нерӯманду тавоно мегардад. Қайд карда шуд, ки маҳз дар давраи Истиқлолияти давлатӣ варзиши тоҷик густариши бесобиқа пайдо карда, варзишгарони ҷавони мо тавонистанд, ки бо иштироки фаъолона соҳиби ҷоизаҳои олимпӣ гарданд. Ҷавонони кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамеша нерӯи пешбаранда, ворисони арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибиқлол хоҳанд буд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар чорабинии мазкур беш аз 300 нафар наврасону ҷавонон ва варзишгарони вилоят иштирок намуданд. Макони баргузории марафони велосипедронӣ аз назди Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол” то микроноҳияи 3-юмро дарбар гирифт.

Мусобиқаи мазкур аз рӯи 4 зинаи синну сол доира гардида, ғолибону ҷоизадорон муайян шуданд ва аз ҷониби муовини якуми Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода бо диплом, медал ва Ҷоми мусобиқа қадршиносӣ гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh