Майдончаҳои варзишӣ чӣ гуна фаъолият доранд?

Имрӯзҳо дар миқёси вилоят бо мақсади густариши тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба варзиш тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мегарданд. Махсусан, чунин иқдоми нек пайваста таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, дар миқёси вилоят чандин майдончаҳои варзишии ба талаботи замон ҷавобгӯ сохта шуда, чунин корҳо идома доранд.

Варзишро гарави саломатӣ гуфтаанд. Табибон бар он ақидаанд, ки ба варзиш машғул шудан саломатии худро барқарор кардан аст.

Гарчанде дар миқёси вилоят дар самти бунёди варзишгоҳҳо камбудиҳо мавҷуданд, лекин масъулин кӯшиш доранд, тадбирҳои заруриро дар ин самт амалӣ намоянд. Дар вилоят беш аз 66 майдончаи варзишӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла, дар шаҳрҳои Хуҷанд 13, Истаравшан 9, Исфара 5 ва Спитамен 11 адад майдончаи замонавӣ бунёд гардид.

Саволе ба миён меояд, ки оё 66 адад майдончаи варзишӣ кам нестандҳ Аксарияти ҷавонон барои бозии футбол ва дигар намудҳои варзиш аз набудани майдончаҳо танқисӣ мекашанд. Дур намеравем. Шаҳри Хуҷанд, ки маркази вилоят аст, то ҳол норасоии майдончаҳои варзишӣ ба назар мерасад.

- Сокини ноҳияи Деваштич ҳастам. Алҳол дар шаҳри Хуҷанд кору фаъолият намуда истодаам. Ҳамроҳи рафиқон хостем дар рӯзи истироҳат ба бозии футбол машғул шавем. Лекин мутаассифона, майдончаи холӣ пайдо накардем. Соҳибони майдончаҳо мегӯянд, ки сокинон як - ду рӯз пеш ҷойро банд мекунанд,- гуфт як нафар дӯстдори варзиш аз ноҳияи Деваштич.

Агар вазъият дар марказ чунин бошад, ин ҳолат дар шаҳру навоҳии дурдаст чӣ гуна астҳ Ин саволест, ки масъулини ҳар як шаҳру навоҳиро ба посух гуфтан водор месозад!

 Қайд кардан бамаврид аст, ки давоми соли 2017 дар шаҳри Хуҷанд ҳамагӣ 7 майдончаи варзишии сунъӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла, дар маҳаллаи Суғдиён 4 майдонча, назди варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолият 1 адад, 2 адади дигар дар маҳаллаи 8-ум мавриди истифода қарор гирифта, ҳамарӯза дӯстдорони варзишро ба ҳам меоварад.

Бино ба иттилои мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов майдончаҳои варзишӣ дар назди мактабҳо, маҳаллаҳои Мевағул ва Темурмалики маҳаллаи 8-ум, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба истифода дода шудаанд, - иброз дошт номбурда.

Асадулло Шодиев – сокини шаҳри Хуҷанд иброз намуд, ки ҳамарӯза бегоҳӣ ҳамроҳи дӯстон дар майдончаи варзишии маҳаллаи Суғдиён ба бозии футбол машғул мешаванд. Хуб мешуд, ки теъдоди чунин майдонҳо зиёд мегардид, дар ин ҳол бархе аз ҷавонон ба корҳои ношоиставу қонуншиканӣ вақт намеёфтанд, - илова намуд номбурда.

Аммо масъулин иброз доштанд, ки майдончаҳои варзишӣ дар назди биноҳо мавҷуданд. Доир ба масъалаи мазкур аз сокинон пурсон шудем. Аксарияти онҳо аз набудани майдончаҳои варзишӣ шикоят карданд.

Аз посухи мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр бармеояд, ки масъалаи ташкил ва сохтани чунин майдончаҳо ба зиммаи онҳо нест. Имрӯз талаботи мардум ба майдончаҳои варзишии сунъӣ бештар аст. Масъулин нақша доранд боз чунин майдончаҳоро сохта, ба истифода диҳанд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh