Мароми нав ба истиқболи ҷашнҳои миллӣ

Бахшида ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ як қатор чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ дар сатҳи вилоят гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ, ки дар он варзишгарони зиёда аз 10 кишвари дӯст ширкат меварзанд, дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии «20-солагии Истиқлолият» рӯзҳои 20-23 июни соли равон баргузор мегардад. 

Суоле ба миён меояд, ки оё ҳавзҳои шиноварӣ ба он омода аст? Ё худ, ҳоли он баъди тармиму таъмир чӣ гуна аст? ҳолати воқеии Маҷмаа ба стандарт ҷавобгӯст?

Тавре хонандагон иттилоъ доранд, моҳи феврали соли равон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ аз ҷараёни фаъолияти Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии «20-солагии Истиқлолият», ба вазъияти ногувори он эроди сахт гирифт ва масъулинро супориш дода буд, ки дар фурсати кӯтоҳтарин ба таъмиру тармим иқдом ва фаъолияти он бо назардошти талаботи стандартӣ дубора ба роҳ монда шавад.

Ҳамзамон, масъулини Маҷмаа ва сохторҳои марбута вазифадор шуда буданд, ки то Иди Ваҳдати миллӣ он ба истифода дода шавад. Лозим ба ёдоварист, ки корҳои таъмирӣ аз 10 феврал оғоз гардида, масъулин ваъда дода буданд, ки 27 июни соли равон аз вазифаҳои ба уҳдаашон вогузоршуда мебароянд.

Чунончӣ, қаблан хабарнигори «Ҳақиқати Суғд» аз рафти корҳои таъмирӣ гузориш дода буд, дар он 40 нафар усто заҳмат кашида, аз таъмири асосӣ баровардани кулли Маҷмаа ба дӯши Идораи сохтмони асосии вилоят вогузор шуда, ҶДММ «Нурулло-2008» ҳамчун пудратчӣ корҳоро ба уҳда дошт.

Тибқи иттилои Мухлиса Атабекова - ҷонишини директори Маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ имрӯзҳо коргоҳ пурра омодаи истиқболи меҳмонон аст ва ягон камбудӣ вуҷуд надорад.

- Тирезаву девор, ҳавзҳои шиноварии кӯдакона, калонсолон таъмири куллиро аз сар гузаронида, ҳавзи шиноварии «Лимпопо», шаршараи хурд бо дизайни замонавӣ барои хурдсолон, утоқҳо барои маҳси бадан, ҳаммомҳои занонаву мардона, фитнес-клуб, фито-бар, утоқи табобат бо об, гармоба-сауна бо буғхонаи (пар) хушк ва намнок, утоқҳо барои табиб, ҷой барои 300 нафар тамошобин, толори билярдӣ, хонаи либосивазкунӣ ва якчанд нуқтаи дигар барои фароғати сокинон сохта, ба истифода дода шуд, - мегӯяд Мухлиса Атабекова.

Воқеан, мо низ шоҳид шудем, ки меҳмонони хориҷӣ ва варзишгарон аллакай ба омадан шурӯъ карда, Маҷмаа ҷилову таровати идона дошт. Метавон итминон варзид, ки дубора ба истифода додани он армуғони хубе ба шаҳрвандону меҳмонон бахшида ба истиқболи Иди Ваҳдати миллӣ аст.

 

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд» 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh