Армуғон ба ҷашнҳои миллӣ бо рӯҳбаландиву созандагӣ

20  июни соли равон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Гулистон сафари корӣ анҷом дод.

Бахшида ба 21-умин солгарди Ваҳдати миллӣ, дар доираи 1300 - рӯзи ободонӣ ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр як қатор иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла майдончаҳои варзишӣ бунёд гашта, мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишии назди бинои маҳаллаи 1-уми шаҳр Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, аз таваҷҷуҳу дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Майдончаи футболи хурд аз ҷониби ҶСК «Қолинҳои  Гулистон» бо маблағи зиёда аз 250 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

Раиси вилоят иқдоми соҳибкоронро нек ва амали шоиста бобати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар маҳал арзёбӣ намуд. Тадбирҳои бунёдкорона ва машғулияти кӯдакону наврасон дар майдончаҳои варзишӣ пурманфиат дониста шуд.

 Фирӯза Орифова – сокини шаҳр миннатдории худро ба Пешвои миллат ва Раиси вилоят изҳор намуда гуфт, ки мо - ҷавонон боварӣ дорем,  фарзандонамон дар ин майдонча бозӣ карда, обутоб меёбанд ва насли солими ҷомеа ба воя мерасанд.

 Инчунин Сайҳуна Шарифзода - сокини шаҳр иброз намуд, ки мо аз иқдоми пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хурсанд ҳастем. Дар назди хонаҳои мо чунин майдончаҳои варзишӣ ва кӯдакона сохта, ба истифода доданд, ки аз он шоду мамнунем.

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми Корхонаи фаръии коммуналии манзилии ин минтақа дар  маҳаллаи 8а-и кӯчаи Истиқлол низ  майдончаи варзишӣ бо маблағи 510 ҳазор сомонӣ барои намудҳои теннис ва футболу баскетбол ба истифода дода шуд.  

Раиси вилоят корҳои анҷом додашударо дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нек арзёбӣ карда, сокинонро бо ҷашнҳои дар пешистода табрику таҳният гуфт ва ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ даъват намуд.

Дар шафати ин майдончаи варзишӣ бошад, майдони бозии кӯдакона сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Боиси зикр аст, ки ин  иншоот бо маблағи беш аз 300 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, барои фароғату истироҳати сокинон шароит фароҳам меоварад.

Сокинони бинои №2-юми кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳр дар рӯзҳои ҷашн болидарӯҳ гаштанд, зеро онҳо майдончаи бозӣ барои кӯдакон ба истифода супорида шуд, ки он бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ, роҳбари муассисаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Фаровон – 1» бо маблағи 66 ҳазору 755 сомонӣ бунёд шудааст.

Сипас, дар назди бинои 45, дар кӯчаи Истиқлол, бо ташаббуси роҳбари Корхонаи муштараки ҶДММ «Апрелевка» як маҷмааи варзишӣ иборат аз майдонҳои тамрини бадан,  футбол, теннис, баскетбол, волейбол ва макони фароғатӣ барои кӯдакон бо маблағи 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ дар вазъи мутантан ифтитоҳ ёфт.

Ба варзишгарон, кӯдакон ва шавқмандони тарзи ҳаёти солим аз ҷониби Раиси вилоят туҳфаҳо тақдим гардиданд.

Зимнан бояд гуфт, ки ифтитоҳу корандозии чунин иншооти имконият медиҳад дӯстдорони варзиш дар майдончаҳои замонавӣ машқу тамрин намоянд. Бунёди майдончаҳои варзишӣ барои ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин, Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сехи дӯзандагии «Ситора»-ро ифтитоҳ намуда, аз ин иқдом, ки бонувони ҳунарманд, ки ба ҷои кории мувофиқ таъмин гаштанд, изҳори қаноатмандӣ кард. Мавриди зикр аст, ки сехи мазкур  дар маркази савдои «Азиза» бо маблағи зиёда аз 70 ҳазор сомонӣ таъсис дода шудааст.

Дар идомаи сафари корӣ  Раиси вилоят дар ифтитоҳи мавсими нави  урдугоҳи «Шоҳин» аз машғулияту  намоиши бозиҳои варзишӣ, аз ҷумла тенниси рӯимизӣ, аз маҳсули ҳунарҳои кӯдакону наврасон аз қабили дӯзандагӣ, расмкашӣ ва ғайра дидан намуд.

Раиси вилоят дар мулоқот бо истироҳаткунандагон изҳор дошт, ки шаҳри Гулистон ба минтақаи сайёҳӣ табдил ёфта, алҳол имкониятҳои хеле фарохи сайёҳӣ дорад. Аз ҷумла урдугоҳи «Шоҳин» дар як вақт 450 нафар кӯдакро фаро гирифта, дар як мавсим метавонад беш аз 2700 нафар кӯдакону наврасон таътили худро хубу хотирмон доир намоянд.

Барномаи консертӣ аз тарафи санъаткорони ҷавони шаҳр ба иштирокдорон манзур гардид.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh