Мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ

Бори аввал дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии 20 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ бо  садо додани суруди миллӣ ифтитоҳ гардид.

Дар тантанаи ифтитоҳи он Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки мусобиқаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ нахусттин бор дар кишвари мо доир гардида,ба таҳкими солимии ҷомеа, рушди ин навъи варзиш ва ба дӯстиву рафоқати байни кишварҳомусоидат менамояд.

Имрӯзҳо бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ ба рушди соҳаи варзиш эътибори махсус зоҳир мегардад. Алҳол дар вилоят бунёди иншооти варзишӣ, майдончаҳои хурду бузург сохта шуда истодаанд, ки варзишгарону ҷавонон ва кӯдакону наврасон аз он истифода менамоянд. Аз  ин лиҳоз, моро зарур аст, ки варзишгарони касбиро дастгирӣ намуда, дар роҳи рушди соҳаи варзиш саҳмгузор бошем, - иброз намуд Раиси вилоят.

Абдуллозода Муҳаммадшо - котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сухан ронда, қайд намуд, ки ин намуди мусобиқа ба бозиҳои олимпӣ шомил буда, баргузор гардидани он дар кишвари мо дар таърих сабт хоҳад шуд. Шиноварӣ яке аз намудҳои маъмули соҳаи варзиш буда,  барои обутобии бадан ва саломатӣ манфиати калон дорад. 

Ҷоиз ба қайд аст, ки дар ин мусобиқа беш аз 80 нафар варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Федератсияи Русия, Туркманистон ва Беларус ширкат варзида, байни ҳам аз рӯи намудҳои гуногуни шиноварӣ рақобат менамоянд.

Ориф Ҷӯраев-сардори департаменти техникии Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сӯҳбат иброз дошт, ки барои шаффоф гузаронидани ин мусобиқа аз 7 кишвар доварони сатҳи байналмилалӣ даъват гардидаанд, ки ҳакамӣ хоҳанд кард.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз варзишгароне иборат аст, ки бевосита тайёрии хуб гирифтаанд ва умед аст ба даврҳои дигари мусобиқоти байналмилалӣ роҳхат хоҳанд гирифт. Омодагии дастаи мунтахаби кишвар барои чемпионати Осиё, ки соли равон дар Индонезия ва чемпионати ҷаҳон дар  Чин оид ба шиноварӣ баргузор мешавад, алҳол дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ гаштааст. Барои ин мусобиқаҳои байналхалқӣ роҳхат гирифтан варзишгаронро зарур аст, ки ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд, - иброз намуд Ориф Ҷӯраев.

Рамзиёр Хоркашев - варзишгаре, ки дар ин мусобиқа Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд, бо мақсади ғолибият омадааст. Ӯ барои роҳхат гирифтан ба бозиҳои дигари байналмилалӣ кӯшиш дорад, ки ба натиҷаи назаррас ноил гардад.

Абисал Татарова - ҷоизадори чандин мусобиқаи байналхалқӣ, инчунин чемпионати Аврупо оид ба шиноварӣ мебошад. Имрӯз дастаи мунтахаби Русияро роҳбарӣ менамояд. Ӯ гуфт, ки ба ин мусобиқа бо омодагии хуб омада, умед дорем,  ки ҷойҳои намоёнро сазовор гардем.

Мақсади баргузории мусобиқаи мазкур роҳхат гирифтан ва тайёр намудани варзишгарони касбӣ дар самти шиноварӣ ба ҳисоб меравад.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки мусобиқаи мазкур  то 23 июни соли равон дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ғолибон бо ҷоизаҳои махсус қадрдонӣ хоҳанд гашт.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

 

Add comment


Security code
Refresh