Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

12 июли соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ ва сохтмони иншооти таъиноташон гуногун ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дод.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, инчунин саҳмгузории фаъолону соҳибкорони ватандӯст дар ноҳияи Мастчоҳ сохтмони як қатор иншоот идома дорад. Бинои таълимӣ дар шаҳраки Ганҷободи Ҷамоати шаҳраки Суғдиён аз ҷумлаи чунин иншоотест, ки бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд мешавад. Тибқи лоиҳа бино  таълимӣ аз се ошёна иборат буда, он барои 720 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудаст. Иншооти сохташаванда бо тамоми шароит, аз ҷумла толори варзишӣ, ошхона ва буғхона барои гармидиҳии мутамарказонидашуда сохта хоҳад шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони бинои таълимӣ ва бо назардошти маҳаллаи навбунёд будани Ганҷобод ба роҳбарияти ноҳия дастур дод, ки барои омода намудани лоиҳаи  бинои кӯдакистони нав чораҳои зарурӣ андешанд. Ба таъкиди Раиси вилоят дар шаҳраки Ганҷобод як муассисаи томактабӣ барои 180 нафар сохта мешавад. Зикр гардид, ки барои анҷоми корҳои ободонӣ ва сохтмони иншооти гуногун, аз қабили мактабу кӯдакистон, бунгоҳҳои тиббӣ толори варзишӣ, ҳаммому сартарошхона бояд соҳибкорону саховатмандон низ саҳмгузор бошанд то Ганҷобод ҳарчӣ зудтар ба маҳаллаи ободу сарсабз табдил дода шавад.

Дар идомаи боздиди корӣ Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони варзишгоҳи марказӣ дар Ҷамоати шаҳраки Бӯстон шинос гардид. Ин иншооти варзишӣ барои 5 ҳазор нафар пешбинӣ гардида, корҳои сохтмонӣ соли 2016 шурӯъ шуда буд. Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пудратчӣ ҶДММ «Сохтмон» мебошад. Бо дастуру супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон теъдоди нишастгоҳҳои варзишгоҳ аз 5 ҳазори пешбинишуда  то ба 12 ҳазор расонида мешавад.

Бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳамсозии шароити зарурӣ ба рушди соҳаи фарҳанг дар ноҳияи Мастчоҳ Қасри фарҳанг бунёд гардида истодааст. Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пудратчӣ ҶДММ «Сохтмон» мебошад. Иншооти мазкур барои 1000 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, бо  20 ҳуҷраи корӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон сохта мешавад.

Раиси вилоят дар аснои шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ иброз дошт, ки бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чанд соли ахир барои кормандони соҳаи фарҳанги вилоят шароитҳои муосири корӣ фароҳам оварда шуда, дар як қатор шаҳру ноҳияҳо қасрҳои фарҳангӣ бунёд гардид. 
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон ба масъулин тавсия дод, ки дар вақти иҷрои корҳои сохтмонӣ ба сифати маҳсулоти истифодашаванда таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз маҳсулоти корхонаҳои ватанӣ истифода намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh