Бо 10 медали тилло баргаштанд

Дар ноҳияи Ашт оид ба варзиши намуди каратэ-до мусобиқаи вилоятӣ доир гардид, ки дар он варзишгарон аз ноҳияҳои Спитамен, Рашт, Варзоб, Ашт ва шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

Дар мусобиқа 25 нафар варзишгари синну солашон гуногун таҳти сарварии мураббии варзида Абдувосит Турдимуродов иштирок намуда, ба 10 медали тилло, 10 медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ сазовор гардиданд.

Ҳамчунин, дар мавзеи Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон чемпионати байналхалқӣ аз рӯи намуди варзиши каратэ-до баргузор гардид, ки дар он варзишгарон аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон иштирок карданд.

Аз ноҳияи Спитамен бо сарварии устоди варзиш Зоҳир Тӯрабоев 4 нафар варзишгар ширкат варзиданд. Дар зӯрозмоӣ байни наврасони 16-17-сола Шуҳрат Ҳомидов (дар вазни 61 килограмм) ба ишғоли ҷойи 1-ум, Сӯҳроб Раҳматуллоев (дар вазни 35 килограмм), байни наврасони 10-11-сола ба ишғоли ҷойи 2-юм ва Умед Шодиев (дар вазни 61 килограмм) ба ишғоли ҷойи 3-юм муваффақ шуданд.

Ато БОҚӢ,
Аълочии матбуоти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh