Ба мусобиқаҳои варзишӣ шароит фароҳам гашт

Лозим ба ёдоварист, ки 10-уми июли соли равон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен, деҳаи Саидқалъаи Ҷамоати деҳоти Истиқлол толори варзишии замонавӣ ба истифода дода шуд. Дар он тамоми чораҳои бехатарӣ ва санитарию гигиенӣ риоя шудааст.

Варзишгоҳ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Каримҷон Исмоилов бо харҷи наздик 300 000 сомонӣ бунёд гардида, дарозӣ ба андозаи 41 метр, бар 19 метр аст. Барои машқу тамрин ва гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ тамоми шароит фароҳам буда, он дорои утоқҳои алоҳидаи сарулибосивазкунӣ ва ҳаммом мебошад.

Мавсуф иброз дошт, ки ҳаққи хизматрасонӣ барои наврасон ройгон ва барои калонсолон 50 сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Солҳои пеш сокинони маҳал аз набудани варзишгоҳ танқисӣ доштанд.

Нигоҳи сокинон баъди ба истифода додани он чӣ гуна аст?

Назирҷон - сокини деҳаи Саидқалъа:

- Аз мавриди истифода дода шудани варзишгоҳ, мо, сокинон хеле шод гаштем. Фарзандонам ба варзиш майли зиёд доранд, вале барои тамрин мавзеи аниқу ба талабот ҷавобгӯ дар деҳа надоштем. Шукргузорем, ки бо ташаббуси Раиси вилоят ва дастгирии соҳибкорон сол то сол маҳаллаву деҳаҳо ободу шароити хуб барои сокинон фароҳам мегардад.

 Баҳодур Ҷабборов - сокини ҷамоати деҳоти Истиқлол:

- Сокинон аз набудани варзишгоҳ маҷбур буданд, ки дар ҷойҳои холии кӯчаву маҳаллаҳо машқ кунанд. Аз ибтикори Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва соҳибкорон шукргузор ҳастам, ки имрӯз шароит хеле беҳтар шудааст. Дар ин мавзеъ ҷойи либосивазкунӣ ва катҳо барои дамгирӣ сохта шуда, асосан дар фасли гармову сармо макони бозии хурду бузург гардидааст. Сокинони деҳа толори варзиширо туҳфаи арзанда дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои насли ояндасози миллат арзёбӣ намуданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки пайваста машғул шудан ба варзиш барои иштирок дар мусобиқаҳои гуногун роҳ мекушояд ва инсонро ҷисману рӯҳан солим мегардонад.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
Шаҳбону ОЛИМОВА,
 «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh