Дар ноҳияи Айнӣ ба бунёди комплекси варзишӣ ва боғи фарҳангӣ – фароғатӣ санги асос гузошта шуд

Нимаи дуюми рӯзи ҷумъаи 20 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Айнӣ сафари корӣ анҷом дода, ба бунёди комплекси варзишӣ ва боғи фарҳангӣ – фароғатӣ санги асос гузошт.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ комплекси варзишӣ ва боғи фарҳангӣ - фароғатӣ бунёд карда мешавад.

Комплекси варзишӣ ва боғи фарҳангӣ – фароғатӣ аз варзишгоҳ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст, ҳавзи шиноварӣ барои кӯдакону наврасон, майдончаҳои гуногуни варзишӣ ва боғи истироҳатӣ иборат буда, он бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд мегардад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинони ноҳияи Айнӣ иброз дошт, ки дар доираи “1300 рӯзи меҳнати зарбдор” ва ба истиқболи  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободониву созандагӣ ҷараён дорад. Дар доираи омодагиҳо ба ин санаи таърихӣ дар шаҳру навоҳӣ бунёди беш аз 3 ҳазор иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст ва бунёди комплекси варзишӣ ва боғи фарҳангӣ – фароғатӣ дар ноҳияи Айнӣ аз ҷумлаи чунин иншоот маҳсуб меёбад.

Раҷаббой Аҳмадзода инчунин ба роҳбарияти ноҳия дастур дод, ки аз имкониятҳои сайёҳии минтақа самаранок истифода намуда, барои ҷалби бештари сайёҳон тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh