Ифтитоҳи толори варзишии замонавӣ дар шаҳри Хуҷанд

9 август дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода толори варзишии «Ҷашнӣ» мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ дар назди варзишгарон ва мураббиёни соҳа аз таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш ёдоварӣ намуда, афзуд, ки соли ҷорӣ баҳри рушди инфрасохтори варзишӣ дар вилояти Суғд беш аз 15 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд ва дар як муддати кӯтоҳ силсилаи зиёди иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилоят  бунёди садҳо иншооти варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки ифтитоҳи чунин иншооти муосири варзишӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарон фоли нек буда, ин созандагиҳо дар оянда низ идома хоҳад ёфт. Сипас, аз тарафи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Искандар Сангинов, мурабии мактаби варзишии №3-и шаҳри Хуҷанд, ки дар "Баҳри тоҷик" 9 километрро дар муддати 1 соат шино кардааст, тӯҳфа ва ифтихорнома тақдим карда шуд.

Барномаи намоишии варзишгарон ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки толори варзишии номбурда, дар маҳаллаи «Бофанда» бунёд гардида, дорои 250 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои маъмурӣ, ҳаммом ва ғайра буда, харҷи лоиҳавии иншоот 1 миллиону 300 сомонӣ мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh