Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи варзишгарон

Фарорасии Рӯзи варзишгаронро ба ҳамаи Шумо аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд самимона муборакбод гуфта, бароятон саодату комронӣ ва дар арсаи расидан ба дастовардҳои боз ҳам шоёни варзишӣ барор орзумандам.

Боиси таҳсин ва таъкид аст, ки ҳамасола дар Тоҷикистони азизи мо 10 август ҳамчун Рӯзи варзишгарон бо шукуҳи хоса таҷлил мегардад. Ба тақвими ҷашнҳои миллии кишвар ворид шудани ин санаи муҳим худ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар мамлакат дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ин рӯйдоди муҳим навъе тақдир ва шинохти самараи талош ва корномаҳои варзишгарон, мураббиён ва тамоми дӯстдорони соҳа ба шумор меравад.

Роҳандозӣ гардидани тадбирҳои шоиста дар самти таҷдид, бунёд ва азнавсозии маҷмааву варзишгоҳҳо дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар, таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои варзишгарони беҳтарини кишвар, эҳёи намудҳои варзиши миллӣ ва амсоли инҳо шаҳодати равшани гуфтаҳои боло ба шумор мераванд, ки ҳамагӣ баҳри пешрафти варзиш ва зиёд шудани дастовардҳои варзишгарон равона шудаанд.

Сиёсати хирадмандона ва дастгирию пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати пешрафти соҳаи варзиш ва дастгирии варзишгарон имконият фароҳам овардааст, ки варзишгарони мо дар арсаи ҷаҳонӣ мақом ва манзалати хосае касб намоянд. Онҳо дар чемпионатҳои байналмилалӣ, осиёӣ ва ҷаҳонӣ бо маҳорати баланд қувваозмоӣ намуда, медалу ҷоиза ва унвонҳои баландро соҳиб шуданд.

Имрӯз бо ифтихор номи варзишгарони шӯҳратёри вилоят – Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳон Қурбонов, Абдусаттор Ғафуров, Асрор Воҳидов, Ҳамроз Раҷабов, Беҳрӯз Гулмаҳмадзода, Сухроҷ Азизов ва даҳҳо дигаронро ба забон меоварем, ки шарафи варзиши тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ боло бурда, Парчами Тоҷикистони азизро дар толору майдонҳои бузурги ҷаҳон парафшон сохтаанд.

Боварӣ дорам, ки минбаъд низ варзишгарони умедбахши вилоят ва устодони онҳо тамоми маҳорату таҷрибаи андӯхтаашонро барои тарғибу ташвиқи варзиш, оммавигардонии он, инчунин омода намудани ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ ва аз ин роҳ боз ҳам баланд бардоштани мақом ва эътибори мамлакат дар арсаи байналмилалӣ равона хоҳанд намуд.

Бо чунин ният ва орзуҳои нек бори дигар дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ва идона ва бо истифода аз ин фурсати муносиб мехоҳам ҳамаи Шумо варзишгарон, мураббиён, дӯстдорони тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро ба муносибати фарорасии Рӯзи варзишгарон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон дар роҳи расидан ба қуллаҳои баландтарини мурод тавфиқу комронӣ таманно мекунам. Орзуманди он ҳастам, ки Шумо варзишгарони бонангу номус минбаъд низ барои ноил шудан ба дастовардҳои беназир ва парафшон сохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар толору майдони мусобиқаҳои мухталифи байналмилаливу минтақавӣ ва расидан ба кулли ниятҳои нек иқдом намуда, мақом ва эътибори Тоҷикистони азизро дар канори ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат боз ҳам боло хоҳед бардошт.

Add comment


Security code
Refresh