Варзиш – қосиди сулҳ

Дар Муассисаи давлатии «Кохи Рӯдакӣ» ба муносибати Рӯзи варзишгарон бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласа баргузор гардид.

Чорабиниро Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, кулли варзишгаронро бо ин рӯзи саид аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят муборакбод кард. Раиси вилоят зикр дошт, ки ба тақвими ҷашнҳои миллӣ ворид шудани ин санаи муҳим аз он гувоҳӣ медиҳад, ки рушди соҳаи варзиш дар мамлакат дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва ин намунаи олии арҷгузории корнамоии варзишгарону мураббиён ба шумор меравад.

Маҳз бо ҳидояти Пешвои муаззами миллат ҷиҳати дастгирии варзишгарон ҳамаи шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳамасола идома ёфтани корҳои шоиста, аз қабили бунёд ва ободонии толор ва майдонҳои варзишӣ дар шаҳру навоҳии кишвар, таъсиси ҷоизаҳо барои варзишгарони беҳтарин ва амсоли онҳо далели равшани гуфтаҳои болоист.

- Дар нимсолаи якуми соли равон, - қайд кард мавсуф, - барои иштироки варзишгарони вилоят дар чорабиниҳо ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз буҷаи вилоят беш аз 500 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст, дар ин самт тасмим гирифтем, дар ҷодаи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳунарҳои варзишии қадимиро низ эҳё намоем. Барои боз ҳам равнақ бахшидани чавгонбозӣ, гӯштини миллӣ, аспдавонӣ ва ғайра тадбирҳои амалӣ андешида истодаем.

Таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба он равона гардидааст, ки на танҳо варзишгарон, балки кулли ҷомеаро низ ба тарбияи ҷисмонӣ ҷалб намоем. Таъсиси марказҳои ҷавонӣ, сохтмони иншоотҳои варзишӣ, дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок намудани ҷавонон бо ин мақсад роҳандозӣ шуда истодааст. Мусобиқаҳои варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

- Бо ҳадафи мусоидат дар самти оммавигардонии варзиш, - гуфт Раиси вилоят, - дар таъмини тарзи ҳаёти солим метавонад нақши муҳим бозад. Ҷалби аҳолии кишвар, хоса ҷавонон ба тарбияи ҷисмонию варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маҳсуб ёфта, таваҷҷуҳ ба мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим байни қишрҳои ҷомеа меафзояд. Маълумоти дастрасгардида гувоҳӣ медиҳад, ки дар вилоят дар самти сохтмон, иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ рушд ёфтааст. Дар соли 2018-ум дар мусобиқаҳои варзишии вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ беш аз 1483 нафар варзишгари вилоят, аз ҷумла 283 нафар духтарон дар 43 мусобиқа аз ҳисоби маблағи буҷетӣ ва ҷалби сармоягузорон иштирок карда, ҷойҳои намоёнро сазовор гардиданд. Бо назардошти иштирок дар мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои олимпӣ ва ғайриолимпӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 840 нафар варзишгари вилоят соҳиби ҷойҳои якуму дуюму сеюм гардиданд Маҳз дар баробари фарҳангу адабиёт варзиш ҳам барои рушдёбии дӯстии халқҳо нақши муассир мегузорад.

Пешвои муаззами миллат варзишро қосиди сулҳ ва воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат номидаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят як силсила барномаҳоро таҳия намуда, кӯшиш менамояд, ки барои варзиш тамоми шароити заруриро фароҳам оварад. Тибқи қарорҳои Раиси вилоят аз рӯи нақшаи соли равон як қатор чорабиниҳои варзишӣ амалӣ шуда истодааст.

Раҷаббой Аҳмадзода инчунин дар бораи таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ба 49 нафар варзишгар супоридани стипендияи Раиси вилоят, қадршиносии варзишгарон, иштироки футболбозони вилоят дар лигаҳои олӣ ва лигаи якуми мамлакат, гузаронидани беш аз 674 мусобиқаи вилоятиву минтақавӣ ва маҳаллӣ, чемпионатҳои вилоятиву байналмилалӣ маълумот дод.

Дар бораи таъмиру азнавсозии иншоотҳои варзишӣ сухан ронда, қайд кард, ки дар сатҳи вилоят 159 иншооти варзишии хурду бузург бо сарфи зиёда аз 43 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва сарпарастон сохта ба истифода дода шуд. Дар ин радиф бахшида ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ тибқи нақша - чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят танҳо дар соли равон бунёди зиёда аз 112 иншооти гуногуни варзишӣ дар назар дошта шудааст, ки то имрӯз зиёда аз 50 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст.

Барои ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ гардонидани вазъи ҳавзи шиноварии «20 – солагии Истиқлолияти давлатӣ» соли равон ин иншоот бо маблағи 10 миллион сомонӣ аз таъмир бароварда шуд. Дар шаҳрҳои Панҷакент ва Конибодом марказҳои варзишӣ мавриди азнавсозӣ қарор гирифтанд, ки барои ин зиёда аз 15 миллион сомонӣ, дар ноҳияи Айнӣ баҳри бунёди маҷмааи варзишӣ - фарҳангӣ барои 5 ҳазор ҷойи нишаст санги асос гузошта, бунёди Қасри Паҳлавонон барои 500 ҷойи нишаст дар ноҳияи Мастчоҳ бомаром идома дорад.

Раиси вилоят инчунин дар бораи ҷалби бештари ҷавонон ба самти варзиш, дур сохтани онон аз шомилшавӣ ба равияҳои номатлуб изҳори андеша намуд. Дар анҷом собиқадорон ва варзишгарони ҷавон аз шаҳру навоҳии вилоят аз ҷониби Раиси вилоят қадршиносӣ гардида, дар иҷрои ҳофизон ва раққосагон барномаи консертӣ намоиш дода шуд.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”

 

Add comment


Security code
Refresh