Камонварони чобукдаст

Дар майдончаи варзишии МД "Мактаби варзишии 1"-и шаҳри Хуҷанд ҷамъбасти мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти ҷоизаи Мураббии шоистаи ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебуниссо Рустамо ва баргузор мегардид.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки мусобиқаи мазкур тӯли се рӯз, яъне санаҳои 4-6 августи соли 2018 бо ҷалби беш аз 60 нафар варзишгарон аз дастаҳои Душанбе 1,  Душанбе 2,  Суғд 1,  Суғд 2 ва ШНТМ бо мақсади тарғибу ташвиқи камонварӣ байни калонсолон, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, иштирокдорон  байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар фарҷоми мусобиқаи ҷумҳуриявии мазкур ғолибонро бо медал, диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. 

Шодмон Нурматов,
Роҳбари хадамоти матбуоти Раёсати кор
бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh