Дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ба Лигаи олии футболи Тоҷикистон роҳ ёфт

Дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан- ғолиби мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон ба Лигаи олӣ роҳ ёфт.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дастаи «Истаравшан», ки пешакӣ бо 67 имтиёз ба гирифтани медалҳои тилло даст ёфт, дар даври охирин дар меҳмонӣ аз дастаи «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Ин ягона нокомии футболбозони шаҳри Истаравшан дар мавсими соли 2018 ба шумор меравад.

Ба дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд, ки бо 61 имтиёз дар зинаи дуюм қарор гирифт, медалҳои нуқра супурда мешавад. Хуҷандиҳо барои ба лигаи олӣ роҳ ёфтан бо дастае, ки дар мусобиқаи имсолаи Лигаи олӣ ҷойи ҳафтумро мегирад, мубориза мебаранд.

Даҳ дастаи лигаи якум бозиҳои мавқуфгузоштаро анҷом медиҳанд. Барои медалҳои биринҷӣ дастаҳои «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат ва «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ талош доранд. «Ваҳдат», ки бо 51 имтиёз ҳоло дар ҷойи сеюм аст, мавсимро ба анҷом расонд. Агар «Саройкамар» дар се бозии мавқуфгузошта пирӯз шавад, соҳиби медалҳои биринҷӣ мегардад.

Add comment


Security code
Refresh