Саҳлангорӣ дар бунёди майдончаҳои варзишӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба раисони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Суғд дастуру супориш дода буданд, ки барои сазовор пешвоз гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи имконият истифода бурда, дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, маҳалҳои аҳолинишин якҷо бо соҳибкорону шахсони саховатпеша бунёди майдону толорҳо барои оммавигардонии варзиш, ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва дигар корҳои ободониро дастҷамъона ба роҳ монанд.

Варзиш рукни муҳими тарзи ҳаёти солим ва яке аз воситаҳои беҳтарини муаррифӣ намудани давлат ва миллат мебошад. Ҳукумати ҷумҳурӣ бобати ривоҷу равнақи ин соҳа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, маблағгузориро ба соҳаи варзиш сол ба сол беҳтар менамояд. Бино ба иттилои масъулони Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят тибқи нақша соли равон дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ бунёди 114 иншооти варзишӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 75 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст, ки аз он 13 толор, 53 майдонча, 7 майдон барои бозии кӯдакон, як ҳавзи шиноварӣ ва як маҷмааи варзишӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Деваштич тибқи нақша бояд 4 иншооти варзишӣ дар соли равон сохта, ба истифода дода мешуд, аммо аз чӣ сабаб бошад, то имрӯз ақаллан ягон қитъаи замин ба ин мақсад ҷудо нашудаву сохтмон оғоз нагардидааст. Оид ба ин муаммо бо чанде аз сокинону варзишгарони Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳия ҳамсуҳбат шудем.

Ҷавонону варзишгарон аз ҷумла, Фирӯз Кӯчиев, Сангин Ҷумъаев зикр намуданд, ки чанд сол боз саъйу талош, муроҷиату дархости мо – сокинон ба мақомоти маҳаллӣ, шахсҳои алоҳида ва фардони маъруфи зодгоҳ бенатиҷа ба анҷом мерасад. Иҷрои ин амали хайр ё худ ҷомаи амал пӯшонидани орзуи мо, сокинон, фикр мекунам, ки ҳеҷ мушкиле надорад. Аммо намедонем аз чӣ сабаб онро нодида ва ҳам ношунида мегиранд.

Албатта, вақте мебинему мешунавем, ки дар ҷойҳои дигар шумораи зиёди майдончаҳои варзишӣ бунёд меёбанд, ба худ мегӯем: «Оё мо ҳам рӯзе ва ё моҳу соле соҳиби ин гуна майдонча мешуда бошем»? Дар идомаи пурсишамон боз мегӯем: «Дигар боз ба кӣ ё куҷо муроҷиат намоем? Оё ин бор муваффақ мегардем ё не»? Охир посухи бисёр пурсишҳоямонро қаблан медонем ва ҳам эҳсос мекунем. Бо чунин ҳол маҳол аст, ки ҷавонони деҳаи мо рӯҳану ҷисман обутоб биёбанд.

Ба ғайр аз ин, хавфи рӯ овардан ба амалҳои номатлуб дар ин сурат вуҷуд доштанаш мумкин аст. Шояд ба ин васила барои ҳалли мушкилот масъулон камари ҳиммат банданду дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» соҳиби майдончаҳои варзишии замонавӣ гардем.

Аммо, суоли матраҳ ин аст, ки аз нақша чандин моҳ гузаштаву чаро то кунун иҷрои он пурра дар амал татбиқ нагаштааст? Тибқи маълумоти Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Конибодом, Панҷакент, Айнӣ, Шаҳристон ва Спитамен майдону толорҳои варзишӣ сохта, сад фоиз нақша иҷро гардидаасту дар шаҳру навоҳии дигар ин тадбир қисман иҷро гардида, сохтмон идома дорад.

 Бо вуҷуди он, ки нақша дар ин раванд то имрӯз иҷро нашудааст, аз раиси ноҳия хоҳиш намудем, ки оид ба вазъи соҳа бо мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия ҳамсуҳбат шавем. Баъди чанд лаҳза мавсуф гуфт, ки мудири бахш Вафоҷон Қӯлдошев тариқи телефон бо шумо дар тамос хоҳад шуд. Аз байн чанд рӯз сипарӣ гардиду баъди борҳо ба масъулони мақомоти маҳаллии ноҳия муроҷиат намудан В.Қӯлдошев бо мо дар тамос шуд.

Аз суҳбат аён гашт, ки аз вазъи соҳа бехабар асту гӯё як моҳ инҷониб дар шаҳри Душанбе қарор дорад. Ғайр аз посухҳои бемантиқу умумигӯиҳои «63 фоизи ноҳия субвенсионӣ буда, имкони бунёд намудани майдончаҳои варзиширо надорад. Имрӯз дар ноҳия ягон майдончаи варзишии наву замонавӣ сохта нашудааст. Он иншооте, ки сохта истодаем, ҳамааш тариқи ҳашар мебошад.

 Агар ягон нафар соҳибкору саховатманд пайдо шаваду барои сохтмони майдончаҳои варзишӣ иқдом кунад, мо онро дастгирӣ хоҳем кард, ман дертар боз маълумот пешниҳод менамоям.

Суоле ба миён меояд, ки мавсуф нисбат ба кору вазифааш чаро бемасъулиятӣ зоҳир мекунад? Дар иҷрои супоришҳои роҳбарияти мақомот саҳлангорӣ ва хунукназарона муносибат кардан оё дуруст аст? Аз будани чунин масъули соҳа барои ноҳия чӣ манфиат мерасад?! Гуфтан бамаврид аст, ки бунёди толору майдонҳои варзишӣ дар ҳар як маҳалли аҳолинишини ноҳия, дастгирии варзишгарон ва ҳавасмандсозии онҳо аз як тараф ба оммавишавии варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим мусоидат намояд, аз тарафи дигар дар тарбияи ҷавонони солиму ватандӯст нақши бориз хоҳад гузошт.

Аз чунин муносибати масъулон бармеояд, ки ба соҳаи варзиш дар ноҳия аҳамияти ҷиддӣ дода намешавад. Ҳалли муаммоҳои соҳаи мазкур омили асосии ба воя расидани насли солими миллатанд, вале нодида гирифтани онҳо оқибати нохуш дорад...

Маъмурахон САМАДОВА,
Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»,
Хуҷанд - Деваштич - Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh