Ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ

20 ноябри соли 2018 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонӣ ва ифтитоҳи иншооти гуногун ба ноҳияи Мастчоҳ сафар кард.

Зимни сафар Раиси вилоят нахуст дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳия дар маросими ифтитоҳи майдончаҳои замонавие, ки барои гузаронидани бозии футболи хурд ва волейбол мутобиқ гардонида шудааст, иштирок намуд.

Майдончаҳои варзишӣ бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Устосафар Олимов бо харҷи 400 000 сомонӣ сохта шуда, дорои шароитҳои замони муосир мебошад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинони ҷамоат аз вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ёдовар шуда, иқдоми соҳибкорро ҷиҳати ҷалби ҷавонони маҳал ба варзиш муфид арзёбӣ кард. Таъкид гардид, ки ҷавонону наврасон ояндаи миллату давлат мебошанд ва солиму дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо вазифаи муқаддаси ҳар сокини кишвар маҳсуб меёбад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh