Бахшандаи нерӯ

Дар мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба намуди ушу беш аз 90 нафар варзишгар аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Шаҳристон ва Деваштич иштирок намуданд.

Мусобиқа бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим аз ҷониби намояндагони Федератсияи ушуи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд роҳандозӣ гардида, аз рӯи намудҳои санда ва таолу варзишгарон маҳорати омӯхтаи худро барои ноил шудан ба мақомҳои шоиста нишон доданд. Бояд гуфт, ки варзиши намуди ушу беш аз ҳафт сол аст, ки дар вилоят фаъолият дошта, беш аз 300 нафар ҷавону наврасро ба тамрин фаро гирифтааст.

Дар мусобиқа варзишгарони шаҳри Хуҷанд, аз қабили Мавлонбек Хизирбеков, Саидафзал Икромов, Бишарифа Саидолимова ва дигарон бо дастгирии мураббиашон Мирзодалер Хуршедзода соҳиби ҷойҳои аввал гардиданд.

Мақомҳои дуюмро варзишгарони ноҳияи Шаҳристон ва сеюмро ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиб шуданд.

Ғолибон аз ҷониби роҳбарияти бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ гардиданд.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh